Боздошти қочоқчиёни нашъа аз ҷониби кормандони АНМН

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкҲашиш. Акс аз бойгонӣ
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Душанбе се шаҳрвандро бо маводи мухаддира дастгир намуданд. Тафтишоти пешакии парвандаҳо идома дорад.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишвории пойтахт зодаи 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардид, ки дар дохили кулоҳаш як адад баста бо маводи нашъаовари гашишро пинҳон карда буд, менависад сойти расмии АНМН.

"Боздоштшуда ба Агентӣ оварда шуд ва дар рафти тафтишот нишон дод, ки маводи нашъаоварро аз шиноси 24-солаи худ, сокини шаҳри Турсунзода, ҳоло маскуни пойтахт харидорӣ намудааст",- меафзояд манбаъ.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фурӯшандаи эҳтимолии маводи нашъаовар дар автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови автомашина бо истифода аз саги хизматӣ аз таги хокистардони он як адад баста бо маводи нашъаовари гашиш ёфт ва мусодира гардид.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200, қисми 2  "Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон" парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Боздоштшудагон ҳоло ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ интиқол ёфтаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0