ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар масоҷиди Русия ба ҳеч ваҷҳ таблиғи ифротгароӣ вуҷуд надорад, як чунин имкониятро гурӯҳҳои тундгаро дар он ҷо надоранд ва аз масҷидҳо тоҷикон ба макони даргириҳо ҷалб намешаванд, иброз дошт ноиби раиси Идораи мусулмонони Русия Дамир Ҳазрат Муҳиддинов, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
Ба навиштаи манбаъ, Муҳиддинов дар ҳамоиши байналмиалӣ таҳти унвони "Ислом зидди ифротгароӣ ва терроризм" дар Душанбе суханронӣ карда афзуд, феълан дар Русия 8 ҳазор масҷид вуҷуд дорад, ки комилан таҳти назоратанд. "Мо аз забони ашхоси расмии бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мешунавем, ки дар масҷидҳои Русия, бахусус масҷиди ҷомеаи Маскав ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористиву тундгаро сурат мегирад. Мо қатъиян ба чунин масъалагузорӣ мухолиф ҳастем ва то андозае як навъе таҳқир ҳам дар нисбати рӯҳониёни ин кишвар меҳисобем"- гуфт ноиби муфтии Русия ва афзуд, ки ҷилавгирӣ аз таблиғгарони ифротӣ вазифаи мушаххаси мақомоти интизомӣ ва сохторҳои махсус аст ва онҳо бояд дар ин самт кор бубаранд.
Ноиби раиси Идораи мусулмонони Русия аз ҳамтоёни тоҷики худ даъват кард, ки ба Русия биёянд ва худ бубинанд, ки дар масоҷиди он кишвар ҳеч гуна таблиғоти ифротгароӣ вуҷуд надорад.
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон дар чанд ҳолат дар бораи ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар масҷидҳои Русия ба сафи "Давлати исломӣ" сӯҳбат кардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта Акрам Амонов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ошкоро аз маҳалли "Проспект Мира", макони калонтарин масҷиди Маскав ёдовар шуд ва гуфт, ки ҷангиёнро аз онҷо ба Сурия мефиристанд.
Чанде қабл ВКД ҶТ эълом дошт, ки дар маҷмӯъ 400 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳои Ховари Миёна ширкат дошта, дар як соли ахир нисбати 394 шаҳрванди тоҷик, ки дар амалиётҳои мусаллаҳона ширкат кардаанд, 370 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин 71 нафари дигар дар амалиётҳои мусаллаҳона кушта шудаанд.