ВАО: Тоҷикистон ба Қирғизистон 14 чоҳи газро дод

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкГази табиӣ дар манзили зист
Гази табиӣ дар манзили зист - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бишкек масъалаи ба моликияти худ табдил додани конҳои газро, ки дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир шудаанд, ҳал мекунад, аммо Душанбе аз ироаи ҳар гуна иттилоъ дар ин бора худдорӣ меварзад.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Аснои аломатгузории марзи давлатӣ 14 чоҳи газиро Тоҷикистон ба Қирғизистон дод, иттилоъ медиҳад сомонаи K-News бо такя ба суханони муовини директори оҷонсии геология ва захоири минералии Қирғизистон Уланбек Рисқулов.

"Сараввал мо фикр кардем, ки дар минтақа ҳамагӣ 8 кон мавҷуд аст, аммо вақте ба он ҷо рафтем, маълум шуд, ки дар маҷмӯъ 14 чоҳ вуҷуд дорад. Аз ин теъдод бештарашон дар ҳолати ғайрифаъол қарор доранд, яке аз онҳо фаъол буда, дуто дар ҳолати омода ба кор ва яктои он марҳилаи барқароршавиро пушти сар мекунад",- гуфт вай ба нашрия.

Торнамои K-News менависад, замони аломатгузорӣ рӯшан шуд, ки чоҳҳо дар қаламрави Қирғизистон мавқеъ доранд, аммо аз даврони шӯравӣ ва ба баъд аз он онҳоро ширкатҳои Тоҷикистон истифода мекарданд. Баъдтар кор дар конҳо мутаваққиф шуд.

Ба қавли Рисқулов, дар ҳоли ҳозир масъалаи гузаронидани чоҳҳо ба тавозуни Бунёди идораи моликияти давлатӣ баррасӣ мегардад. Интизор меравад, мавзеъҳои истихроҷи газ аз ҷониби ширкати "Киргизнефтегаз" мавриди истифода қарор бигиранд.

Ҷониби Тоҷикистон аз шарҳи қазия худдорӣ  мекунад.

Лентаи хабарҳо
0