Мизони интиқолоти пулӣ ба Тоҷикистон 32% коҳиш ёфт

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коҳиши мизони интиқолоти пулӣ ба Тоҷикистон қобили мулоҳиза аст, вале ба мизоне нахоҳад расид, ки онро коршиносони СБП ва Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунанд, муътақиданд раҳбарони танзимгари молии кишвар.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2015 мизони интиқолоти пулӣ ба Тоҷикистон $1 миллиарду 162 миллион шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 32% камтар мебошад, хабар дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода.

"Мо бо пешбиниҳои Бонки ҷаҳонӣ ва СБП, ки дар бораи коҳиши 40 дарсадӣ дар соли 2015 изҳори назар кардаанд, розӣ нестем. Коҳиш мешавад, вале камтар — ҳудуди 25-27%", — муътақид аст раҳбари БМТ.

Маоши муҳоҷир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ: интиқолоти пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015 то 40% коҳиш меёбад

Ҳамзамон Нурмуҳаммадзода мувофиқ аст, ки вазъи интиқолоти пули дар соли ҷорӣ бештар аз солҳои қаблӣ душвортар аст.

"Худ қазоват кунед — дар моҳҳои январ-март коҳиш дар сатҳи 34% буд, вале аз моҳи март то моҳи июн коҳиш дар сатҳи 29% шуд. Каме бошад ҳам, вале мизони интиқолот афзоиш ёфт, ки далели раванди манфӣ аст", — гуфт вай.

Ба ҷуз аз ин раиси Бонки миллӣ тавзеъ дод, ки миқдори аслии интиқолоти пулӣ бо рубли русӣ сурат мегиранд ва ҳаҷми онҳо 52 миллиард мебошад. Дар муқоиса бо соли гузашта ин мизон ба 5 миллиард рубли русӣ афзоиш ёфт.

Нуқтаи интиқолоти пулӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мизони интиқолоти пулӣ аз Русия ба ҶТ ҳудуди ду баробар камтар шудааст

Коҳиши интиқолоти пулӣ бо долларҳоро дар Бонки миллӣ ба беқурбшавии рубл дар қиболи доллари ИМА марбут медонанд.

Беш аз 90% интиқолоти пулӣ ба Тоҷикистон аз Русия фиристода мешаванд, ки дар он ҷо ҳудуди 1 миллион атбоъи кишвар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Дар соли 2014 мизони интиқолоти пулӣ $3,9 миллиард шуд, ки мутобиқ ба 40% тавлидоти нохолиси милли кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0