Нурмаҳмадзода уфти $-ро кори дасти бархе “рафиқон”-аш хонд

© Sputnik / Амир ИсаевҶамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфтааст, нуқтаҳои мубодилаи асъоре, ки ба уфту ҷаҳиши қурби асъори хоирҷӣ дахолат мекарданд, бастааст, “аммо ҳанӯз ҳам бархе чунин нуқтаҳо фаъоланд”.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ уфти серӯзаи қурби долларро, ки ахири моҳи май аз 6,60 сомонӣ то 5,40 сомонӣ фаромада, боз бо суръат боло рафт, кори дасти бархе бозигарон ба истилоҳ "рафиқон"-аш хонд, менависад хабаргузории "Озодагон".

Бонки миллӣ боло рафтани қиммати сомониро тавзеъ дод

Нурмуҳаммадзода, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтааст, он рӯзҳо бозори ғайрирасмии асъори хориҷӣ хеле фаъол будааст ва онҳо талош кардаанд, ки чораандешӣ шавад ва қурбро зери назорат бигиранд.

"Бархеашро аз байн бурдем, вале ҳанӯз ҳам дар бархе маҳаллаҳо чунин нуқтаҳо ҳастанд", — афзудааст раиси бонк.

Нурмуҳаммадзода иддаоро, ки гӯиё барои чанд рӯз содироти асъори хориҷӣ аз кишвар мамнуъ шуда буд, беасос ва дурӯғ хонд. Қаблан Бонки Миллӣ дар шарҳи поинравии қурби доллар барои ҳамагӣ се рӯз изҳор дошт, ки ин таъсири омилҳои бозорӣ-афзоиши пешниҳоду коҳиши талабот аст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ инчунин нияти ниҳодашро барои ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Чин шарҳ дода, афзуд, ки он ба устувории қурби пули миллию дастгирии соҳибкорон равона хоҳад шуд.

"Аз ҷумла барои додани қарз ба соҳибкорон равона мешавад ва ягон пайомади манфӣ надорад", — афзудааст ҷаноби Нурмуҳаммадзода.

Раиси Бонк барои устувории пули миллӣ изҳор дошт, ки ният доранд зимни додугирифт миёни Чину Тоҷикистон аз пули сомонӣ ва юан истифода кунанд.

Лентаи хабарҳо
0