ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Қавӣ шудани манобеъи воридоти доллари ИМА ва ғанӣ шудани бозори арз аз ин пул ба пойин рафтани сареъи қурби он дар Тоҷикистон ва ҳамзамон боло рафтани арзиши сомонӣ шуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар як ҳафтаи нопурра қурби муттавасити доллар дар Тоҷикистон ба беш аз 10% пойин рафта ҳамарӯза уфти то 3-4% он идома дорад. Рӯзи ҷумъаи гузаштаи 22 май қиммати муттавасити як доллар дар кишвар 6,54 сомонӣ буд, аммо 29 май қурби он пойинтар аз 6 сомонӣ шуд.
"Содироти доллар коҳиш ёфта ҳамзамон мизони интиқолоти пулии мардум бо арзи хориҷӣ андак шуд. Ба ҷуз аз ин, назорати шадид дар муъомилот дар бозорҳо мунҷар шуд, ки ниёз ба доллари ИМА коҳиш ёбад. Дар бозорҳо ва фурӯшгоҳҳо тиҷорат танҳо бо пулӣ сомонӣ сурат мегирад", — омадааст дар хабар.
Дар ҳамин ҳол бо дархости БМТ муштариёни бонкҳо ҳаққ пайдо карданд, ки қарзҳои долларӣ ва суди онҳоро на ба арз, балки бо сомонӣ пардохт кунанд.
"Чунин сиёсати қурбӣ минбаъд низ аз сӯйи Бонки миллӣ ба манзури танзими бозори арз идома дода мешавад", — зикр карданд дар бонки миллии кишвар.
Уфти сареъ хатароте дорад
Иқтисоддон Баҳриддин Каримов бар ин назар аст, ки аз вазоифи раҳбарияти ҷадиди БМТ огаҳӣ дорад, вале ҳадафи онҳо барои танзими сареъи бозори арз бештар ҳадафи сиёсӣ аст.
Каримов умедвор аст, ки БМТ барои тақвияти қурби сомонӣ аз наҳваҳои бозорӣ истифода карда захойири байналмиллалиро истифода намекунад.
"Чунин тағйири сареъи қурбҳо барои фазои тиҷоратӣ хушоянд нестанд, зеро онҳо вазъи норӯшан дар бозорро эҷод карда дар оянда барои иқтисод авоқиби номатлубе дар пай хоҳад дошт", — муътақид аст вай.
Ин иқтисоддон зикр мекунад, ки бояд наҳваи муносиби танзири қурбҳоро пайдо кард, зеро болову пастшавии он барои иқтисод авоқиби бадеро дар пай дорад.
"Агар ин раванд идома ёбад, бояд барои ғанӣ кардани захойири БМТ арзро харидорӣ кард. Қурби долларо дар сатҳи 6 сомонӣ ҳифз карда бояд раванди содироти тавлидоти кишоварзӣ ба Чин ва Русияро ташвиқ кард. Вале бо тақвияти қурби сомонӣ ин амр душвор мешавад", — гуфт вай.
Ба гуфтаи вай, пойин бурдани қурб то 5-10% имконпазир аст, вале бештар аз ин сатҳ барои тиҷорат ва иқтисод авоқиби номатлубе дар пай дорад, зеро норӯшанӣ пайдо мешавад.