ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Субҳи рӯзи сешанбе ҳайати кории ҳукуматӣ бо роҳбарии нахуствазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт рафт, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
Дар ҷамоати деҳоти Навдеҳи ноҳияи Рашт ҳайати кории ҳукуматӣ аз деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедак, ки бар асари фаромадани сел зарар дида буданд, дидан карданд. Дар ин рустоҳо беш аз 50 хона қисман ва пурра зарар дида, 5 трансформатор корношоям гаштааст. Инчунин, дар инҷо 5 пул, 6 км хати интиқоли нерӯи барқ, 100 симчӯб, 5310 метр хатҳои обгузар ва роҳҳои маҳаллӣ хароб гаштаанд.
Мутаассифона, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. Қоҳир Расулзода ба хонаи нафари ҳалокшуда ташриф оварда, ба ин оила таъзия ва кӯмаки пулии сарвари давлатро расонид.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ҳоли ҳозир ба ҷойи ҳодиса кӯмакҳои ғизоӣ дар ҳаҷми 10 тонна расида, бунёди шаҳраки хаймаҳо дар деҳаи Ҳалқарф оғоз шудааст. Дар худи минтақа аллакай барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ 8 гектар замин ҷудо гаштааст.
Хисороти воридшуда дар саросари кишвар аз офатҳои табиӣ ҳудуди 100 миллион доллар арзёбӣ гардидааст.
Тамоми матолиби марбут ба мавзӯъро аз ин ҷо дарёфт карда метавонед>>