ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳеҷ яке аз қаторҳои Тоҷикистон, ки аз қаламрави Ӯзбекистон убур мекунанд, дар соли гузашта аз сӯйи ширкати "Узбекистон темир йуллари" манъ нашудаанд, гуфт имрӯз дар нишасти матбӯъотӣ раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалиев, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
Раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалиев дар дидор бо хабарнигорон 20-уми январ дар мавриди "роҳандозии равобити хуб миёни ниҳодҳои роҳи оҳани ду кишвар" таъкид кард.
"Тӯли соле, ки ман раҳбарии ин ширкатро бар ӯҳда дорам, ягон вогун манъ нашудааст. Мо бо ширкати "Узбекистон темир йуллари" равобити хуб дорем", — зикр кард вай.
Мирзоалиев хабар дод, ки ҷонибҳо музокирот барои азсаргирии ҳаракати қаторҳо дар масири Қурғонтеппа-Амузангро идома медиҳанд ва ин мушкил базудӣ ҳал хоҳад шуд.
Хати роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Амузанг маркази Тоҷикистонро бо ҷануб пайваст, вале аз қаламрави Ӯзбекистон убур мекунад. Қисмате аз ин роҳ шаби 16 ба 17-ноябри соли 2011 дар минтақаи Ғалаба-Амузанг дар масири Термиз-Қӯрғонтеппа дар пайи инфиҷор тахриб шуд.
Аз он замон ҷануби Тоҷикистон аз хатти роҳи оҳан маҳрум шуда борҳо ба вилояти Хатлон бо мошинҳо кашонида мешаванд, ки хазинааш бештар аст. Гузашта аз ин, ҳаракати қаторҳо дар масири Қӯрғонтеппа-Маскав қатъ шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2014 "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 6 миллиону 808 ҳазор тонн борҳоро интиқол додааст, ки дар муқоъиса бо соли 2013 87 ҳазор бештар будааст, омадааст дар баёнияи ин ширкат. Миқдори борҳои интиқолшудаи транзитӣ 1 миллиону 735 ҳазор тонн будааст, ки нисбати соли пеш ба 165 ҳазор тонн бештар, вале нисбати соли 2009 ба 7 миллиону 259 ҳазор тонн камтар будааст.
Дар соли 2014 ин ширкат 455 ҳазор нафар мусофиронро мунтақил кардааст, ки нисбати соли 2013 45 ҳазор нафар камтар аст.
Ширкат феълан 2269 вогуни борбар, 441 вогуни мусофирбар ва 56 адад тепловоз дар ихтиёр дорад.