ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ширкатҳои ҳавоии "Тоҷик Эйр" ва "Уралские авиалинии" дар бораи истифодаи тиҷоратии хатсайрҳо (код-шеринг) дар масирҳои Кӯлоб-Маскав, Кӯлоб-Екатеринбург ва Душанбе-Самара тавофуқ карданд, омадааст дар баёнияи "Тоҷик Эйр".
Дар баёния омадааст, ки навҳаи код-шеринг барои ширкати ҳавоии тоҷик ҷадид набуда он имкон медиҳад, ки суд аз анҷоми парвозҳо бештар шавад.
"Аз ҳисоби навҳаи код-шеринг ширкати ҳавоӣ ба маблағи $1,5 миллион суд ба даст овард, аз ҷумла дар хатсайри Кӯлоб-Маскав маблағи суд $ 1 миллиону 258 ҳазор шуд", — зикр карданд дар "Тоҷик Эйр".
Ба иттилоъи маркази матбуотӣ код-шеринг имкон медиҳад, ки ширкатҳои ҳавоӣ миқдори парвозҳои худро коҳиш дода ҳамзамон судро аз даст надиҳанд. Теъдоди парвозҳо шартан аз ҳисоби парвозҳои муштарак маъмулӣ боқӣ мемонад.
"Тоҷик Эйр" дар садад аст аз ин навҳа дар масири Душанбе-Боку низ истифода кунад. Дар ин замина бо ширкати ҳавоии "Масирҳои ҳавоии Озарбойҷон" созишнома алаккай имзо шудааст. Дар бораи замони оғози парвозҳо дар ин хатсайр иттилоъ дода нашудааст.