“Тоҷик Эйр” се фарванд ҳавопайморо ба иҷораи амалӣ мегирад

CC BY-SA 2.0 / ERIC SALARD / P4-SOMҲавопаймо. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷораи амалӣ барои ширкати ҳавоӣ дар муқоъиса бо анвои дигари иҷора бештар судовар аст, зеро махориҷи истифодаи ҳавопаймоҳо чандон бузург набуда ба вазъи молии ширкати “Тоҷик Эйр” бештар суд меоварад.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷик Эйр" қасд дорад то авохири соли ҷорӣ се фарванд ҳавопаймои сохти ғарбиро ба иҷораи амалӣ бигирад, хабар дод дар нишасти матбӯъотӣ мудири парвозҳои "Тоҷик Эйр" Файзулло Сатторов.

Дар ин нишаст мушаххас накарданд, ки ин чӣ навъи ҳавопаймо хоҳад буд.

"Иҷораи амалӣ барои мо беҳтарин наҳва аст. Нахуст маблағи иҷораи ҳармоҳаи истифода аз ҳавопаймо бо ин навъи иҷора дар муқоъиса бо иҷораи "тар" чандон зиёд нест. Дуввум, мо ҳавопайморо ба мӯҳлати тӯлонӣ — аз 9 то 12 сол ба иҷора мегирем ва дар оянда аз ҳаққи хусусӣ кардани он бархурдор мешавем", — тавзеъ дод вай.

Ба ҷуз аз ин ба гуфтаи вай, дар муқоъиса бо иҷораи "тар" ин навъи иҷора барои ширкат аз ҳисоби он, ки иҷорадеҳ хадамоти изофӣ барои бозрасии фаннии ҳавопайморо ироъа намекунад, арзонтар аст.

ҶСК Тоҷик Эйр - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷик Эйр” пешсафи ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ аст

"Дар ин ҳавопаймоҳо халабонҳои тоҷик фаъолият мекунанд ва ин амр имкон медиҳад, ки миқдори парвозҳо бештар карда шаванд. Мо ҳавопаймоҳоро ба хотири беҳбуди вазъи иқтисодии ширкати ҳавоӣ ба иҷора мегирем ва баъд аз чанд сол онҳоро ба иҷорадеҳ бармегардонем", — гуфт вай.

Феълан "Тоҷик Эйр" ду фарванд ҳавопаймои навъи Боинг, ҳавопаймоҳои АН-28, МА-60 ва чархболҳои Ми-8 МТВ дар ихтиёр дорад. Дар маҷмӯъ ширкати ҳавоӣ 34 фарванд ҳавопаймо дар ихтиёр дорад, ки 29 адади онҳо маъмулан истифода намешаванд.

Барои нигоҳубини фаннии онҳо ва омодабошии онҳо барои парвозҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ширкат 7 миллион сомонӣ масраф кардааст.

Лентаи хабарҳо
0