Ҳузури 30 ноболиғи хатлонӣ дар маҳалли ҷангҳои Ховари Миёна

© Sputnik / Павел ДавыдовДимишқ баъди амалиёти террористии ҷангиёни тундрав
Димишқ баъди амалиёти террористии ҷангиёни тундрав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ноболиғон аз Хатлон ҳамроҳ бо волидайнашон қаламрави кишварро тарк карда, алъон дар Ховари Миёна дар маҳалли муноқишаҳои низомӣ қарор доранд.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сӣ ноболиғ аз Хатлон  ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ пайваста, дар қаламравҳои ҷангии  Ироқу Сурия ва Афғонистон қарор доранд, менависад Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаъ дар РВКД дар вилоят.

Сардори раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар ин се кишвар 124 сокини вилоят  меҷанганд ва дар нисбати ин афрод парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

ВАО: дар марзи Туркия ва Сурия гурӯҳи шаҳрвандони ҶТ боздошт шудаанд

Ӯ гуфт, ноболиғоне, ки дар қаламравҳои ҷангӣ қарор доранд, ҳамроҳ бо волидонашон ба  ин кишварҳо рафтаанд ва маълум нест дар он манотиқ бо чӣ кор машғуланд. Илова бар ин, дар маҳалли ҷангҳои Ховари Миёна ва Афғонистон 25 зан аз вилояти Хатлон низ будаанд, ки онҳо низ ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба рафтаанд.

Шарифзода афзуд, то имрӯз 7  сокинони вилоят аз ҷангҳо ба ватан баргаштаанд ва умед аст, ки  шумораи пушаймоншудаҳо ва баргаштаҳо аз Сурияву Ироқ афзоиш меёбад.

Сардори полиси Хатлон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳафтаи гузашта ду сокини ноҳияи Шаҳритус  ба Сурия рафта ба сафи "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Ба қавли ӯ, ҳоло полис хабари сафари гурӯҳи 10 нафараи дигари ҷавононро аз Шаҳритус ба Сурия таҳқиқ мекунад.

То ҳоли ҳозир хабари марги як сокини Хатлон дар Сурия тайид шуда, иттилоъ дар бораи ҳалокати 29 тани дигар мавриди санҷиш қарор дорад.  

Лентаи хабарҳо
0