Бонки БРИКС дар Шанхай ба фаъолият оғоз кард

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкФаъолияти хадамоти матбуотии байналмилалии саммити БРИКС ва СҲШ дар Уфа
Фаъолияти хадамоти матбуотии байналмилалии саммити БРИКС ва СҲШ дар Уфа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки рушди БРИКС моҳи июли соли гузашта барои сармоягузорӣ ба бахшҳои зербаноӣ дар кишварҳои аъзо бунёд ёфта, дар ҳоли ҳозир Бразилия, Ҳиндустон, Чин ва Русияву Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ шомили ин ташкилот мебошанд.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Бонки рушди БРИКС ҷаласаи аввалини муқаддимотиашро дар Уфаи Русия баргузор карда, фаъолияти аслиашро дар бузургтарин маркази тиҷоратии давлати Чин- Шанхай аз сар гирифт, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Синхуа.

"Нахустин президенти бонк намояндаи Ҳиндустон интихоб гардида, дафтари асосии он дар Чин хоҳад буд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Мизони сармояи пардохтшуда 10 миллиард доллар (ба андозаи 2 миллиард доллар аъзоҳаққии ҳар як кишвар)-ро ташкил медиҳад.

Дар сурати зарурат ҳаҷми сармояи муқаддамотӣ то ба 40 миллиард доллар боло бардошта хоҳад шуд. Меъёри болотарин ҳадди сармояи мумкин дар бонк 100 миллиард доллар муайян шудааст.

Ҳадафи аслии бонк маблағгузорӣ ба сохторҳои зербаноӣ ва тарҳҳои кишварҳои ру ба рушди аъзои БРИКС унвон мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0