ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Кохи сафед ба ҳузури Русия дар Осиёи Марказӣ ниёз дорад, зеро ҳар ду кишвар дар ин минтақа ҳадафи муштарак доранд —мубориза бо терроризм, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашрияи The National Interest.
Дар моҳи апрели соли 2015 фармондеҳи пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки Москав то соли 2020 теъдоди нерӯҳои худ дар Осиёи Марказиро аз 5900 то 9000 нафар афзоиш медиҳад. Ду моҳ пас ҳама сареъ будани ин иқдомро замоне дарк карданд, ки фармондеҳи ОМОНи Тоҷикистон сарҳанг Гулмурод Ҳалимов аз пайвастанаш ба суфуфи террористони "Давлати исломӣ" хабар дод.
Ҳарчанд аз нуфузи "ДИ" ба минтақа набояд муболиға кард, вале кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва ИМА бояд барои ҷилавгирӣ аз ин гурӯҳ ба манзури такрор нашудани чунин ҳаводис омода бошанд.
Зимни таъкид ба манофеъи чандинсолаи Москав дар минтақа нашрия зикр мекунад, ки иртибототи Русия бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созмони Паймони амнияти дастиҷамъӣ (СПАД) дар муқобала бо ҷангҷӯён нақши калидӣ хоҳад дошт.
Русия барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва терроризм дар манотиқи марзҳои ҷанбуии Иттиҳоди Шӯравии собиқ алоқаманд аст. ИМА ба навбаи худ низ аз тавсеъаи тундгароӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ нигарон буда бар ин назаранд, ки тавсеъаи ҳузури "ДИ" дар қаламарави собиқи шӯравӣ метавонад барои ИМА ва шариконаш дар Ховари Миёна ба мушкили ҷиддие табдил ёбад, омадааст дар матлаб.
"Ба далели ин нукта, ки ҳузури ИМА ва НАТО дар минтақа коҳиш меёбад, Русия метавонад дар он ҷо нерӯи суббот бошад", — менависад NI.
Зимни эҳтироми манофеъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ИМА ва Русия метавонанд заминаро барои музокироти оянда оиди масоиле, ки феълан дар ин заминаҳо назароти мухталиф доранд, фароҳам кунанд, ҳадс мезанад нашрия.