ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раҳбари "Давлати исломӣ" Абу Бакр ал-Бағдодӣ фармоне содир кард, ки бар мабнои он наворбардории қатлҳо ва ҳамчунин пахши онҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ мамнӯъ шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Daily Mail.
Ин нашрия мушаххас кардааст, ки ал-Бағдоди ба куллияи ниҳодҳои ин созмон номаи мушобеҳе ирсол кардааст. Вай иддаъо дорад, ки ин тасмим ба манзури "наранҷонидани мусалмонони дигар" гирифта шуда ва ҳадс мезанад, ки аз тамошои чунин наворҳои видеоӣ кӯдакон ба ҳарос меафтанд.
Вай ҳамчунин зикр кардааст, ки пахши чунин матолиб ба нуфузи созмони террористӣ латма ворид месозад.
Ба эътиқоди коршиноси умури Ховари Миёна Анатолий Эл-Мюрида чунин мамуниятҳо рамзӣ мебошанд.
"Ҳоло бояд нигаҳ кард, ки ин фармон чӣ гуна иҷро мешавад. Эҳтимол дорад, ки ин як амри рамзӣ мебошад. Ал-Бағдодӣ дархост кард, ки наворҳои "сахттарин" баргузида ва ё ислоҳ карда шаванд. Наворҳои дигар боқӣ мемонанд", — гуфт Анатолий Эл-Мюрид дар сӯҳбат бо радиои Sputnik.
Ба эътиқоди вай муштариёни ақоиди ДИ қабл аз ҳама ҷавонон ҳастанд ва ҷавононе, ки бо фанновариҳои иттилоъотӣ, шабакаҳои интернетӣ ва иҷтимоӣ ошноии хубе доранд. Вале фазои иттилоъотиро нафарони ҳирфаӣ раҳбарӣ ва барои ин кори худ маболиғи ҳангуфте дарёфт мекунанд.