Дар Ӯзбакистон китоби “Фитнаи ДИ” мунташир шуд

© SputnikШакли электронии китоби "Фитнаи ДИ"
Шакли электронии китоби Фитнаи ДИ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муаллифи китоб Айдарбек Тулепов ҷузъиёти наҳваҳои таблиғи мубаллиғони ДИ-ро тасвир карда, ақоиди тундгароёнро баррасӣ мекунад ва бо такя ба Қуръон онҳоро фош месозад.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Китоби "Фитнаи ДИ" (ISHID fitnasi) рӯҳонӣ ва муовини раиси Идораи мусалмонони Ӯзбакистон Айдарбек Тулепов, ки 13 феврал муаррифӣ шуд, дар бораи ҷиноёт, дурӯғ ва ақоиди зараровари ДИ қисса мекунад, хабар медиҳад бошгоҳи "Средняя Азия в Интернете".

"Дар ин китоб куллия наҳваҳои ҷалби ҷонибдорон, ки аз онҳо тундгароёни "Халифати исломӣ" истифода мекунанд, тасвир шудаанд, — гуфт ба бошгоҳ намояндаи нашриёти "Мовароуннаҳр" Зафар Додоев. — Далоили ин иддаъоҳо баёноти террористон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ӯзбекистон аст, ки баъд аз пушаймонӣ ба ватан баргаштанд. Дар китоб пажӯҳиши амиқи ақоиди исломгароён оварда шуда аъмоли хушунатбори онҳо бозтоб ёфтааст".

Вазорати адлияи ИМА: ӯзбакистонӣ нияти куштани Барак Обамаро дошт

Китоб ба ҳам мутобиқ набудани ақоиди тундгароёна бо ақоиди аслии исломиро шарҳ додааст.

Худи муаллифи китоб, ки дар навиштанаш ба фатвоҳои уламои саршиноси ҷаҳони ислом такя кардааст, бар ин назар аст, ки ақоиди "Давлати исломӣ" комилан мухолифи исломи ҳақиқӣ мебошад.

"Аъзои ДИ алайҳи ҳама зулмоварӣ мекунанд, — гуфт Тулепов. — Пайёмбари Аллоҳ (с) гуфтааст: "қатли як мусалмон баробари қатли ҳамаи мусалмонҳост".

Зикр мешавад, ки китоби бо аксҳо ороишёфта бо теъдоди 5000 нусха мунташир шуда ва шакли электронии вай тавассути интернет паҳн мешавад.

Бархе аз макотиб ва китобхонаҳо нусхаҳои ин китобро аллакай дарёфт кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0