Будҷаи Тоҷикистон бо 3,7 миллиард сомонӣ ғанӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевНусратулло Давлатзода (дар марказ) дар нишасти матбӯъотии Кумитаи андози ҶТ
Нусратулло Давлатзода (дар марказ) дар нишасти матбӯъотии Кумитаи андози ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони андози ҷумҳурӣ алорағми бӯҳрони иқтисодӣ тавонистанд ҷамъоварии андоз аз ширкатҳо, ба ҷуз аз ширкатҳое, ки аз тахфифҳои андозӣ бархурдоранд, бештар аз дурнамо иҷро кунанд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Будҷаи давлати Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 780,6 миллион сомонӣ ғанӣ шуд, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 13,5% бештар аст, хабар дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ раҳбари Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода.

"Албатта бӯҳрон дар даромадҳои ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ таъсир гузошта ва бештаре аз онҳо мизони тиҷорату тавлидоти худро коҳиш доданд, ки ба коҳиши воридоти маболиғи андоз мунҷар шуд. Шумо алаккай медонед, ки воридот ва содироти маҳсулот коҳиш ёфта мутаносибан фурӯши онҳо низ пойин рафт, ки дар маҷмӯъ ба ҷамъоварии андозҳо мунҷар мешаванд", — гуфт вай.

Қатор дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон – воридот коҳиш ёфта ва содирот афзудааст

Давлатзода тавзеъ дод, ки кумита тавонист дурнамои ҷамъоварии андозҳоро ба 102,7% иҷро кунад, ҳарчанд бо дарназардошти бӯҳроне, ки дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ин амр душвор буд.

Аз куллияи манотиқи кишвар дурнамои ҷамъоварии андозҳо танҳо дар вилояти Суғд иҷро нашуда дар ВМБК нақша 12,4%, дар вилояти Хатлон 5,1% ва дар Душанбе 0,8% бештар андозҳо ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар мавриди тахфифҳои андозӣ Давлатзода тавзеъ дод ширкатҳое, ки дар бахши эҳдоси нерӯгоҳҳо, истихроҷи маъодин ва самтҳои дигари авлавиятнок фаъолият мекунанд, аз пардохти бархе аз анвои молиёт ба ҷуз аз андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1% ва андози ашхос (13%) озод карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0