Раванди бозпасгирии қарзҳои "Вавилон-М" ва "Созидание" шурӯъ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Кумитаи андози Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ниҳоди андози кишвар муътақид аст, ки ду ширкати бузурги тоҷик бо сармояи хориҷӣ қодиранд то авохири соли ҷорӣ крзҳои андози худро бозпас бидиҳанд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Мақомоти андози Тоҷикистон дар садад аст то авохири соли ҷорӣ қарзҳои андози ширкатҳои "Созидание" ва "Вавилон-М"-ро бозпас бигиранд, хабар дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ раҳбари Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода.

Ширкати "Вавилон-М" ба пардохти маблағи қарзии худ дар ҳаҷми 341 миллион сомонӣ, ки аз сӯйи Кумитаи андоз дар авоили соли 2014 ошкор шуда буд, оғоз карда алаккай ба будҷа 5 миллиони онро баргардонид.

"Ширкатҳо албатта дар пардохти қарзҳо бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд. Ба унвони мисол ширкати "Созидание" то ҳол ба пардохти қарзҳояш оғоз накардааст. Мо бо онҳо музокирот мекунем ва ин мавзӯъ дар зудтарин фурсат ҳалли худро пайдо мекунад. Фикр мекунам то авохири сол ширкатҳо қарзҳои худро пардохт мекунанд", — гуфт вай.

Нишони ширкати Вавилон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Қонуни асосӣ парвандаи “Вавилон-М"-ро ба суди будҷа ҳалл кард

Маблағи умумии қарзҳои ширкати "Созидание", соҳиби меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва маркази тиҷоратӣ якҷо бо ҷаримаҳо баробари 320 миллион сомонӣ аст.

"Мо манфиаатдорем, ки ширкатҳо мунназам фаъолият дошта бошанд ва дарк мекунем, ки ин маблағро онҳо ба якбарогӣ наметавонанд пардохт кунанд, вале мо мехоҳем, ки ин маболиғ то авохири сол бозпардохт шаванд", — гуфт Давлатзода.

Муҳокимаҳои додгоҳӣ миёни ниҳоди андоз ва ширкатҳои "Вавилон-М" ва "Созидание" тӯли соли 2014 идома дошта дар ниҳоят ба суди кумитаи андоз анҷом шуд.

Қарзҳои ҳангуфти андозии ин ширкатҳо дар авохири соли 2013 ошкор шуд ва он замон Кумитаи андози Тоҷикистон бозрасии изофӣ анҷом дода маболиғи пардохтнашудаи андозҳо дар солҳои қаблиро ошкор кард.

Ширкати “Созидание” мурофиъаи додгоҳиро алайҳи Кумитаи андоз бохт

Ширкатҳо аз тасмими ниҳоди андоз изҳори норизоиятӣ карда дар тӯли соли 2014 талош карданд дар марҳилаҳои мухталифи додгоҳӣ ин тасмимро радд кунанд.

Марҳилаи ниҳоӣ Додгоҳи олии иқтисодӣ буд, ки мутобиқати ин қазияро бо моддаҳои Қонуни андоз баррасӣ карда ва ин мушкилро ба суди давлат ҳалл кард.

Лентаи хабарҳо
0