ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дурустии иттиҳоми Комитети андоз алайҳи ширкати "Вавилон-мобайл"-ро дар пардохт накардани андозҳо таъйид кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Алаккай беш аз як сол аст, ки яке аз ширкатҳои бузургтарини телефонҳои ҳамроҳ "Вавилон-М" ба додгоҳҳои мухталиф муроҷиъат карда талош дорад, ки нодурустии иддаъои Комитети андозро, ки пардохти 341 миллиону 140 ҳазор сомонӣ ё муъодили $55 миллионро тақозо дорад, таъйид созад.
"Барои қонунӣ будани амали Комитети андоз ширкати мобилӣ ба додгоҳи Қонуни асосӣ муроҷиъа кард, вале додгоҳ тасмим гирифт, ки дар амали ниҳоди андоз нақзи қонун нест ва иттиҳоми вай дуруст мебошад", — менависад расона.
Мудири кулли ширкати "Вавилон-М" Беҳзод Файзуллоев дар аризаи худ ба додгоҳ зикр кардааст, ки андозҳо дар Тоҷикистон тибқи қавонин мушшахас мешаванд на бар пояи низомномаҳо, ҳарчанд қарзҳои ширкати мобилӣ ба наҳваи охир шумурида шудаанд.
Комитети андози Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар авоили соли 2014 бозрасии фаъолияти ширкати"Вавилон-М" дар солҳои 2011-2013-ро анҷом дода, мавориди напардохтан ва пинҳон доштани андозҳоро ошкор кардааст. Ниҳоди андоз ширкати мобилиро на танҳо барои пардохти қарзҳои чандмиллионӣ маҷбур кардааст, балкӣ ин ширкатро ҳамчунин ҷарима ҳам бастааст. Дар ниҳоят куллияи маболиғ бештар аз 300 миллион сомонӣ шуд.
Ширкат аз ин амр ба додгоҳи ноҳиявӣ шикоят бурд, вале баҳси додгоҳӣ ба суди ниҳоди давлатӣ анҷом ёфт. Ниҳоди охирин — Додгоҳи олӣ низ қазияро ба суди будҷа ҳалл кард.
Мудири кулли ширкат дар яке аз мусоҳибаҳои худ изҳор карда буд, ки пардохти ин маблағ ба варшикастагии ширкат мунҷар мешавад, зеро ин маблағро ширкат дар ихтиёр надорад.
Дар ширкат хабар доданд, ки теъдоди кормандонаш ҳудуди 5 ҳазор нафар аст ва теъдоди муштариёнаш 3 миллион нафар мебошанд.