ВКД: дар рӯзҳои Иди Фитр дар кишвар 5 нафар ғарқ шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевМавсими оббозӣ – 2015 дар Тоҷикистон
Мавсими оббозӣ – 2015 дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомонаи вазорати корҳои дохилиӣ менависад, ин шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. 17-уми июл дар кишвар, ки мардум Иди Фитрро таҷлил мекарданд, аз беэҳтиётӣ дар рӯду кӯлҳо 5 нафар ба ҳалокат расиданд, менависад сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Дар 6 моҳ дар Тоҷикистон 54 нафар дар обҳо ғарқ шудаанд

Аз ҷумла 17-уми июл, соати 14:00-дақиқа, ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ёхсу, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

"Худи ҳамин рӯз соати 17.00 дақиқа, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, соати 19:30 дақиқа ҷавонзани 31-сола ва ҷавони 22-сола, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми оббозӣ кардан дар обанбори "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" аз беэҳтиётиашон ғарқ шудаанд", — омадааст дар сомона.

Вазорати умури дохилӣ навиштааст, баъди зуҳри 17-уми июл, соати 16.00 дақиқа духтарчаи 8-сола, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми оббозӣ дар канали "Нов-1", воқеъ дар кӯчаи Х.Олимҷон дар об ғарқ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои нашршуда танҳо дар давоми 20 рӯзи моҳи равон ҳудуди 30 нафар дар Тоҷикистон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0