Дар 6 моҳ дар Тоҷикистон 54 нафар дар обҳо ғарқ шудаанд

© Sputnik / Амир ИсаевМавсими оббозии 2015 дар Тоҷикистон
Мавсими оббозии 2015 дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳама бештар ғарқшавии навҷавонони то 17-сол ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, яке аз далоилаш гармои бештари имсол аст.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон 54 нафар дар обҳо ғарқ шудаанд, гуфт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов.

Ин омор нисбати соли гузашта 13 нафар бештар арзёбӣ мешавад.

"Далели афзудани ғарқшавиҳо гармои бештари имсола аст. Ғарқшавии навҷавонони то 17-сол зиёд шудааст. Баъдан кӯдакон, ки аз беэҳтиётии падару модарон сар задааст. Баъзеҳо дар пайи норозигӣ аз зиндагӣ худро ғарқ мекунанд. Ҳодисаи он зане, ки худро бо 3 тифла ба об андохт", — гуфт Хайриддин Абдураҳимов.

Аз шумори ғарқшудаҳо наврасони то 17-сола 22 нафар — 15 нафар мард ва 7 нафар зан будаанд. Аз 17-сола боло 29 нафар — 42 нафар мард ва 5 нафар зан ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Кумита афзуд, ҳич нафарро дар ин робита муттаҳам карданӣ нестанд, зеро дар ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0