Дар Истаравшан қотили эҳтимолии майори милитсия боздошт шуд

© Sputnik / Анастасия Петракова / Гузариш ба медиабонкЗавлона. Акс аз бойгонӣ
Завлона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ВКД қотили эҳтимолии нозири калони бахши милитсия дар шаҳри Истаравшанро боздошт кардаанд ва ба эътиқоди таҳқиқот ин қатл бар пояи хушунати шахсӣ сурат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Сокини шаҳри Истаравшан ба иттиҳоми қатли майори милитсияи 35 сола Бахтиёр Нарзуллоев, ки ҷасадаш бо изи зарбаҳои бисёри корд дар мошини шахсиаш пайдо шуда буд, боздошт шудааст, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Ин қатл 13 июл дар қаламрави ноҳияи Шаҳристон дар ҷоддаи мошингарди Душанбе-Чаноқ рух додааст.

Таҳқиқот собит кардааст, ки сокини 39 солаи маҳаллӣ Зариф Ботуров он шаб майори милитсияро дар ҷодда интизор шуда ва бо баҳонаи тахриб шудани мошинаш худрави Нарзуллоевро манъ мекунад ва аз ӯ чархи изофӣ ва таҷҳизоти насби онро тақозо мекунад.

"Замоне, ки корманди милитсия дар боғоҷи мошинаш таҷҳизоти заруриро меҷуст, Ботуров ба узвҳои мухталифи баданаш бо корд 5 зарба мезанад ва Нарзуллоев дар ҷойи ҳодиса кушта мешавад", — омадааст дар хабар.

Авеста: қатли майори милиса дар Истаравшан

Сипас барои аз байн бурадани далоили ҷинояти худ ин мард ҷасадро ба курсии ақаб партофта мошинро ба маҳалли беодам мунтақил карда онро оташ мезанад. Дар натиҷа василаи нақлия қисман сӯхтааст.

"Аз боздоштшуда далели шайъӣ — корд ошкор карда шудааст", — хабар медиҳад ин ниҳод.

Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ ин куштор дар пайи хусумати шахсӣ рух додааст.

Феълан Ботуров дар боздоштгоҳ қарор дорад ва додситонии ноҳияи Шаҳристон тибқи моддаи 104 қисми 2 (қатл) қонуни ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда таҳқиқи он идома дорад.

Зикр шудааст, ки майори милитсия Бахтиёр Нарзуллоев аз соли 1997 дар суфуфи ин ниҳоди интизомӣ ифои вазифа мекард. Дар моҳи январи соли 2015 ба вазифаи нозири калони бахши милитсияи шаҳри Истаравшан таъйин шудааст. Борҳо аз сӯйи раҳбарияти вазоратхона бо нишонҳо сарфароз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0