Авеста: қатли майори милиса дар Истаравшан

© Sputnik / Ирина ГеращенкоНақлиёти сӯзонидашуда. Акс аз бойгонӣ
Нақлиёти сӯзонидашуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як корманди шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Истаравшан шаби якшанбе дар натиҷаи сӯиқасд бо чанд зарби корд кушта шудааст ва ҳамлагарон мошини ӯро сӯзонидаанд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷасади майори милисаро субҳи душанбе аз дохили мошинаш дар Истаравшан пайдо карданд, менависад ОИ Авеста.

Майор шоми якшанбе вақте аз ҷои кор ба хонааш бармегашт, кушта шудааст.Қотилон барои пӯшондани изи ҷинояташон талош кардаанд, ки мошини ин афсарро сӯзонанд, вале танҳо як қисми мошин сӯхтааст.

"Ҳоло мақомот ангезаҳои ин кушторро тафтиш карда истодааст. Фарзияҳоро танҳо баъди маълум шудани далели сӯиқасд ба ҷони майор  метавонем дар миён гузорем",- гуфтаст як манбаъ ба хабаргузорӣ.

Истаравшан, воқеъ дар 75-километрии ҷанубуғарби Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, яке аз марокизи умдаи иқтисодиву тиҷоратии шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин шаҳр, ки то соли 2000 Ӯротеппа ном дошт, 60 000 аҳолӣ ба сар мебарад. Ҷамъи аҳолии Истаравшан бо 10 ҷамоати атрофаш қариб 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0