Додситон: 447 нафари доро аз феҳрасти эҳтиёҷмандон хориҷ шуданд

© SputnikПули миллии сомонӣ
Пули миллии сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин афрод дар асл ниёзманди кӯмак набудаанд, вале бо чӣ роҳе шомили рӯйхати гириндагони кӯмак гардидаанд, мегӯяд додситони вилояти Суғд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Додситонии вилояти Суғд номи 447 нафари дороро аз феҳрасти одамони ниёзманд ба кӯмаки давлат хат зада, онҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашидааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Амонулло Ҳукуматулло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тафтиши асноди нафақаи 18 ҳазор сомонии Амонулло Ҳукуматулло оғоз шуд

Аммо додситонӣ нагуфтааст, ки чӣ гуна беш аз 400 нафари доро дар ин минтақа ба феҳристи афроди эҳтиёҷманд ворид шуда, аз ҳукумат ёрӣ дарёфт кардаанд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони Суғд ахиран дар сӯҳбаташ бо хабарнигорон гуфтааст, ин афрод аллакай ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида шуда, номашон низ аз рӯйхати афроди ниёзманд ба кумак ҳазф гардидааст.

"Ин нафарон дар асл ниёзманди кумак набуданд. Бо пешниҳоди додситонҳо номи ҳамаашон аз феҳристи одамони дастнигар бардошта шуд", шарҳ додааст Воҳидов.

Додситони Суғд ному насаби афроди "ниёзманд"-ро ошкор накард ва танҳо гуфт, ки аз ин ба баъд иҷоза нахоҳанд дод, то пули буҷаи Тоҷикистон ба корҳои беҳуда харҷ шавад.

Ҳабибулло Воҳидов чанд моҳи пеш додситони вилояти Суғд таъин шудааст. Ӯ то ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки дар он махсусан додситонҳо мавриди интиқоди шадиди раисиҷумҳур қарор гирифтанд, ба ҳайси муовини додситони кулл фаъолият дошт. Баъд аз ин ҷаласа ӯ ва ҳамроҳонаш аз мақоми худ барканор гардида, чанд муддат бе кор буданд, аммо дубора ба мақомҳои додситонӣ дар шаҳру навоҳии кишвар таъин гардиданд.

Ҷузвдон - Sputnik Тоҷикистон
Дастур барои гусели беш аз 100 мансабдори давлатӣ ба нафақа

"Шикор"-и одамони дорое, ки аз давлат кумак мегиранд, баъд аз ҷаласаи ҳукумат дар моҳи январи соли ҷорӣ ва эълони номи чанде аз мақомдорони собиқ, аз ҷумла Амонуллои Ҳукуматулло, собиқ раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ки пули ҳангуфти бознишастагӣ дарёфт мекард, шиддат гирифт. Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҳоло раиси Хадамоти гумрук ва собиқ раҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 26 январ дар нишасти хабариаш гуфт, ки аз ҳисоби гирифтани нафақаҳои маъюбии ғайриқонунӣ ба ҷайби ҳукумат 14 миллиону 718 000 сомонӣ, муодили 2,7 миллион доллар зарар раисдааст ва ин миллионҳо сомонӣ бояд ба хазинаи давлат баргардонда шавад.

Лентаи хабарҳо
0