Кумитаи таҳқиқотӣ: муттаҳам дар қатли 5 атбоъи тоҷик боздошт шуд

© Sputnik Завлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иддаъои таҳқиқот муттаҳам атбоъи Тоҷикистонро барои кофтани нақб то ба лӯлаи нафтгузар киро кардааст. Дар ниҳоят коргарон дар туннел аз диққи нафас ҷони худро аз даст додаанд.

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Муттаҳами 51 сола дар қатли панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз дуди ангиштсанг дар туннел ҷони худро аз даст додаанд, дар Ступинои вилояти Москав боздошт шуд, хабар дод дирӯз Раёсати тафтишотии Кумитаи таҳқиқотии Русия дар вилояти Москав.

Ба иддаъои таҳқиқот, муттаҳам ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кофтани туннел иҷора гирифта сипас бо раҳбарии вай барои дуздии маводди сӯхтӣ ба лӯлаи нафтгузар шикоф мекунанд. Коргарон дар туннел аз диққи нафар ҷон бохтаанд.

Э.Раҳмон ба муҳоҷирон: ман доим дар фикри шумо ҳастам

Нӯҳуми июл дар бешазор дар назди ҷоддаи рустоӣ дар 200 метрии муъасиссаи "Талисман"-и ноҳияи Ступино ҷасади ду марди "осиёӣ бидуни ҷароҳатҳо, вале дар дохили тселофанӣ, ки бо часпу бандҳо баста шудаанд" пайдо мешавад. Ниҳодҳои интизомӣ мушаххас карданд, ки фавтидагон атбоъи Тоҷикистон буда дуди ангиштсанг далели маргашон шудааст.

"Феълан ҳуввияти панҷ нафар кушташудагон, ки ҷасади ду нафари онҳо дар ноҳияи Ступино ошкор шудааст, мушаххас шуда ва ҳамчунин ҷасади се нафари дигар дар вилояти Тула дақиқ шудаанд", — омадааст дар хабар.

Ба сокини боздоштшудаи вилояти Орлов хабси абад таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0