Раҳмон дар Роғун озмоишгоҳи махсусро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар озмоишгоҳи марказии НБО-и Роғун. 15 июли соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон дар озмоишгоҳи марказии НБО-и Роғун.  15 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Роғун барои ташхиси масолеҳи сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун Озмоишгоҳи маркази сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун ба оғози фаъолияти озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузошт, менависад сайти райисҷумҳур.

"Зарурати бунёди ин озмоишгоҳ ханӯз аз рӯзҳои нахустини оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарии иншооти аср-Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд",-қайд мешавад дар хабар.

Майдони сохтмонӣ дар НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ҶСК “НБО Роғун”: сохтмони Роғун соли 2016 оғоз мешавад

Манбаъ менависад, бояд як озмоишгоҳи сохтмонии мустақил ва дорои таҷҳизоти замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бунёд мегардид ва инак бо дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон озмоишгоҳи замонавӣ, ки ба андешаи мутахассисон дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, сохта ба истифода дода шуд.

"Озмоишгоҳ аз панҷ шӯъба ва бахшҳои алоҳида, аз ҷумла аз шӯъбаи озмоиши металлҳо, шӯъбаи назорати геотехникӣ, шӯъбаи кимиёвӣ, бахши ташхисгоҳи спектралӣ, шӯъбаи бетон ва бахши озмоиши хосиятҳои физикию механикии семент иборат аст",- меафзояд сарчашма.

Дар маркази мазкур беш аз 140 нафар мутахассис, ки аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, фаъолият доранд.Ҳар як маҳсулоти сохтмоние, ки ба озмоишгоҳ ворид мегардад, бодиққат аз назари мутахассисон ва ташхиси дастгоҳҳои нодир гузашта, барои истифода дар корҳои сохтмонӣ иҷозат дода мешавад.

Дар озмоишгоҳи марказии НБО-и Роғун 500 таҷҳизоту асбоб, мебелу зарфҳо ва маводҳои зарурии лаборатории баландсифати ҷавобгуйи стандартҳо ва талаботҳои меъёрӣ аз Олмон, Италия, Швейтсария, Русия, Ҷопон ва Эрон харидорӣ шуда, барои дурусту ба манфиат истифода бурдани он бештар аз ҳисоби ҷавонон мутахассисон дар хориҷи мамлакат аз бахшҳои махсуси омӯзишӣ гузашта, соҳиби сертификатҳои касбӣ гардидаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0