Ду хирси Душанбе ба Чехия фиристода шуд

Обуна шудан
Ду хирси нохунсафед аз Боғи ҳайвоноти Душанбе ба самти Прага ҳаракат карданд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Шоми 14 июл ду хирси нохунсафеди тиёншонии Боғи ҳайвоноти Душанберо тарк карда, ба самти Ҷумҳурии Чех ҳаракат карданд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин хирсбачаҳо қарор аст дар зоопарки шаҳри Ҳлубока над Влтавоу маскан гиранд. Дар ин бора ба "Озодӣ" Қурбон Одинаев, мудири Боғи ҳайвоноти Душанбе хабар додааст.

Ду хирсбачаро дар кӯҳҳои Помир сар доданд

Ба иттилои Одинаев, роҳи онҳо то Чехия тӯлонӣ аст — хирсҳо бо роҳи заминӣ аз тариқи Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз он ҷо ба Қазоқистон, Русия, Белорус ва ба воситаи Литва ба ҷумҳурии Чех расонида мешаванд. Барои таҳияи санадҳо ва иҷозати берун бурдани ин хирсҳо дар марҳилаи ниҳоӣ 10 рӯз лозим шуд ва ҳоло ин ду хирси ҷавон ба роҳ баромадаанд.

Интиқоли хирсҳо ба Чехия бар асоси як созишномаи табдили ҷонварҳо сурат мегирад. Рӯзи 4 июл ба Душанбе аз шаҳри Ҳлубока над Влтавоу ду ҷуфт кенгуру ворид шуд ва ин ҷонварҳои ғайриоддӣ барои табиати Тоҷикистон зиндагии навро дар Душанбе шурӯъ карданд. Масъули боғи ҳайвоноти шаҳри Ҳлубока Над Влтавоу — Иван Кубат, ки ҳамроҳ бо ин ҷонварони нодир бо ҳавопаймои Прага-Екатеринбург-Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон расида буд, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, дар ивази кенгуруҳо аз Тоҷикистон ду хирс хоҳад бурд.

Лентаи хабарҳо
0