Навори видеоӣ дар ин бора рӯзи 14 феврал дар шабакаи YouTube гузошта шуд.
Хирсбачаҳоро созмони байналмилаллии ҳифзи паланги кӯҳӣ "Panthera", ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад, ба табиат сар дод.
Муаллифони навор мегӯянд, хирсбачаҳо моҳи октябри соли 2014 дар водии Аличӯл, дар Помири шарқӣ сар дода шуда буданд. Баландии ин мавзеъ аз сатҳи баҳр беш аз 4000 метрро ташкил медиҳад.