Назарпурсӣ: чаро пулиси ИМА умдатан ба сиёҳпӯстон тирпарронӣ мекунад

© Sputnik / Филипп Кравцов / Гузариш ба медиабонкТирпарронӣ дар қаламрави донишкадаи Массачусетс дар Бостон. Акс аз бойгонӣ
Тирпарронӣ дар қаламрави донишкадаи Массачусетс дар Бостон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттилоъ дар бораи он ки пулиси ИМА ба ҷавонони сиёҳпӯст нисбати ҳамтоёни сафедпӯсташон 21 маротиба бештар тирпарронӣ мекунанд далели анҷоми ин назарпурсӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Сеяки амрикоиҳо муътақиданд, ки қатли бештари ҷавонони сиёҳпӯст дар муқоиса бо ҳамтоёни сафедпӯсташон ба қавмгароии маъмурони пулис бастагӣ дорад, бармеояд аз натоиҷи назарпурсӣ.

Амрикоиҳо афзоиши хушунатгароӣ дар ҷомеъаро (51%) далели аслии эҳтимолии қатли бештари ҷавонони сиёҳпӯст дар муқоъиса бо ҳамтоёни сафедпӯсташонро медонанд.

Сеяки амрикоиҳо қавмгароӣ, ки хоси маъмурони пулис аст, далели ин амр донистаанд.

Боз 8% далоили воқеъиеро барои 21 маротиба бештар кушта шудани аҳолии сиёҳпӯстро надидаанд.

Назарпурсӣ аз сӯйи ширкати ICM Research барои хабаргузории Sputnik дар чаҳорчӯби тарҳи "Sputnik. Мнения" аз 1 то 4 моҳи майи соли 2015 дар ИМА баргузор шуда 2047 нафар пурсида шудаанд.

Интихоби пурсидашудагон тибқи ҷинсият, синну сол ва география сурат гирифтааст.

Мизони эътимоднокӣ дар маҷмӯъ барои кишвар +/- 3,1% мебошад, ки зимни эътимоднокии эҳтимолии 95% аст.

© ИнфографикаПочему у чернокожих в США выше риск быть застреленным
Почему у чернокожих в США выше риск быть застреленным - Sputnik Тоҷикистон
Почему у чернокожих в США выше риск быть застреленным
Лентаи хабарҳо
0