КТ: Савченко шояд чоряк аср дар зиндон монад

© Sputnik / Сергей Кузнецов / Гузариш ба медиабонкХалабони украинӣ Надежда Савченко. Акс аз бойгонӣ
Халабони украинӣ Надежда Савченко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Халабони украиниро дар куштори ду журналисти ШДТРУ (ВГТРК), ки моҳи июни соли гузашта дар вақти амалиёти ҳарбӣ дар Донбасс ба ҳалокат расиданд, муттаҳам мекунанд, аммо ӯ ин иттиҳомро радд мекунад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ба Надежда Савченко, ки дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ду хабарнигор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, то 25 соли зиндон таҳдид мекунад, иброз дошт намояндаи расмиии Кумитаи тафтишоти ФР Владимир Маркин.

Порошенко ба Надежда Савченко унвони қаҳрамонӣ дод

Ӯ қайд кард, ки тибқи далелҳои ҷамъшуда муфаттишон амалкарди боздоштшударо дигар на ҳамчун гумонбар дар ҳамдастӣ, балки ҳамчун иҷрокунандаи қатли ду ва зиёда шахс баҳогузорӣ  менамоянд.

Мӯҳлати миёнаи маҳрумият аз озодӣ, ки ба Савченко таҳдид мекунад 25 солро ташкил медиҳад,- гуфт Маркин.

Қаблан Додситонии кулл хабар дод, ки парвандаи Савченкоро, ки бо куштор муттаҳам дониста мешавад, ба додгоҳи вилояти Ростов ирсол доштааст.

Надежда Савченкоро моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми қатли ду рӯзноманигори Русия дар ҷангҳои шарқи Украина дастгир намуданд.Бо нишони эътироз алайҳи боздошташ халабони украинӣ беш аз 70 рӯз гуруснанишинӣ карда, ҳеч гуна иттиҳомотро қабул надорад.

 

Лентаи хабарҳо
0