ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Додгоҳи олӣ то имрӯз дар Тоҷикистон фаъолияти 16 ҳизбу ҳаракатҳоеро, ки характери экстремистӣ ва террористӣ доранд, манъ кардааст, гуфт раиси Суди олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён.
Ба қавли ӯ, рӯйхати созмону ташкилотҳои табӯ дар ҶТ шурӯъ аз соли 2001 ифтитоҳ шуда буд.
Оқои Шоҳиён гуфт, бо ҳукми Додгоҳи олӣ аз соли 2001 то имрӯз дар Тоҷикистон фаъолияти 16 ҳизбу ҳаракатҳое, ки характери экстремистӣ ва террористӣ доранд, манъ шудааст.
Ба қатори ин ҳизбу ҳаракатҳо "Ҳизби таҳрир", "Ал-Қоида", "Ҳаркати исломии Туркистони шарқӣ", "Ҳизби исломии Туркистон, (собиқ ҳаракаи исломии Узбекситон), ҳаракати "Толибон", ташкилоти "Бародарони мусулмон", ташкилоти "Нашъа-ат таиба", "Ҷамъияти исломии Покистон", "Ҷамъияти Таблиғот", "Ташкилоти динии мисянерҳи созмонии таблиғот", "Тоҷикистони озод", равияи динии "Салафия", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Гуруҳи 24 ", "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ун-нусрат" шомиланд, ки ба қавли раиси Додгоҳи олӣ ҳадафи сарнагун кардани сохти конститутсионии кишварро доранд.