ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти 80 сомонаеро нашр кардааст, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории кишвар манъ шудааст, менависад сомонаи ин ниҳод.
Бештарини ин торнамоҳо марбути "Ҳизб-ут-таҳрир"-анд. Инчунин чанд сомонаи мутаалиқ ба "Бародарони мусалмон", "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон", "Салафия" ва "Толибон" дар рӯйхати мазкур ҷой дода шудаанд. Дар ин феҳраст, ки торнамои ВКД нашр кардааст, бойгонии гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", маъруф ба ДИИШ ва як торнамои марбут ба "Гуруҳи 24" мавҷуданд.
Дар ин феҳраст номи 26 сомонаи "Ҳизб-ут-Таҳрир", 3 сомонаи "Бародарони мусулмон" ё "Ихвоналмуслимин", 2 сомонаи "Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон", 3 сомонаи равияи "Салафия", 17 сомонаи ҳаракати "Аморати Қафқоз", 14 бойгонии наворҳои видеои ДИИШ, 2 сомонаи "Ҷамоати Ансоруллоҳ", 1 сомонаи ҳаракати "Содиқлар", 1 сомонаи гуруҳи "Толибон", сомонаи "Лашкари Тайиба", сомонаи "Таҳрики Толибони Покистон", сомонаи "Ҷамоати Шариат", 4 сомонаи созмони "Давлати Исломӣ", сомонаи "Ҷабҳат-ан-нусра", сомонаи "Аҳрор-аш-шом", сомонаи "Ҷайш-ал-Муҳоҷҷирин вал-Ансор", "Радио Zello» (Гурӯҳи — 24) шомил аст.
Аммо вазорат шарҳ надодааст, ки ин сомонаҳо дар Тоҷикистон ба чӣ далели мамнуъ эълон шудаанд.
Аз ин пештар торнамои ВКД рӯйхати 13 китоби марбут ба равияи динӣ-мазҳабии салафия (ваҳҳобия)-ро нашр карда буд, ки вуруд, истифода ва паҳнашон дар кишвар мамнӯъ мебошад.