Рашид Олимов дабири кулли СҲШ интихоб шуд

Обуна шудан
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои узви СҲШ барои ҷонибдорӣ аз номзадии пешниҳодшудаи Тоҷикистон барои интихоби Рашид Олимов ба симмати дабири кулли созмон изҳори қадрдонӣ кард.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Сиёсатмадори тоҷик Рашид Олимов дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ба вазифаи дабири кулли ин созмон интихоб шуд, хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳур.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои узви СҲШ барои пуштибонӣ аз номзадии Рашид Олимов ба симмати Дабири кулли СҲШ сипосгузор аст. Умедворем, ки фаъолияти намояндаи Тоҷикистон барои тавсеъаи фаъолияти созмони мо мусоидат мекунад", — гуфт раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ин ҷаласа.

Сафири ҶТ дар Чин Рашид Олимов эҳтимол дорад дабири кулли СҲШ шавад

Рашид Қутбиддиновиҷ Олимов сафири Тоҷикистон дар Чин аст. Қаблан вай намояндаи доимии кишвар дар СММ ва дар авоили даҳаи 1990 вазири хориҷии кишвар буд.

Олимов 23 июни соли 1953 дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси таърихшинос ва дар соли 1989 Фарҳангистон улуми ҷамъиятии назди Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст.

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳарф мезанад.

Лентаи хабарҳо
0