Сафири ҶТ дар Чин Рашид Олимов эҳтимол дорад дабири кулли СҲШ шавад

© Официальный сайт Посольства РТ в КНРСафири ҶТ дар Чин Рашид Олимов (аз рост). Акс аз бойгонӣ
Сафири ҶТ дар Чин Рашид Олимов (аз рост). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар номзадии Рашид Олимов таъқид шавад, вай аз 1 январи соли оянда ҷойгузини дабири кулли феълии СҲШ, намояндаи ФР Дмитрий Мезентсев мешавад.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Исми номзади аслӣ ба вазифаи мудири кулли СҲШ — эҳтимол дорад Рашид Олимов шавад — имрӯз дар Москав дар ҷараёни ҷаласаи шӯрои вазирони хориҷии СҲШ матраҳ шуд. Ин ҷаласа ба мавзӯъи омодагӣ ба ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар моҳи июли соли ҷорӣ дар Уфа ихтисос ёфта буд, менависад "Коммерсант".

Агар номзадии ин намояндаи Тоҷикистон таъйид шавад, вай аз 1 январ ҷойгузини дабири кулли феълии СҲШ, намояндаи ФР Дмитрий Мезентсев мешавад, ки аз моҳи июни соли 2012 дар ин вазифа ифо мекунад.

Ба навиштаи рӯзнома, дар ҷаласа ҳамчунин чанд пешниҳодоти дигар баррасӣ шудаанд. Тасвиби баёнияи вижа дар бораи дурнамои узвияти Эрон дар созмон, истифодаи СҲШ барои раҳбурди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва тарҳи бузурги чинии "Қамарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" аз ҷумлаи ин пешниҳодот мебошанд. Ва ҳамчунин таъсиси Маркази байналмиллалии таҳияи қаблазтарҳӣ ва сармоягузории тарҳҳои СҲШ баррасӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0