Сокини пойтахт барои фурӯши мебел ба доллар боздошт шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДоллари ИМА. Акс аз бойгонӣ
Доллари ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои нақзи муқаррароти амалиёти тиҷоративу арзӣ маъмурони ВКД сокини Душанберо боздошт карданд, ки ба доллари нақд мебел фурӯхтааст.

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Сокини пойтахт рӯзи душанбе барои фурӯши ғайриқонунии мебел ба доллар боздошт шудааст, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ба иттилоъи ин ниҳоди интизомӣ, марди 41 сола мебелро бар ивази се ҳазору 440 доллари ИМА фурӯхтааст.

Нисбати ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи он идома дорад.

Тибқи мқаррароти қонун куллияи амалиёти тиҷорати амвол дар Тоҷикистон бояд танҳо ба пули миллӣ сурат бигирад.

Лентаи хабарҳо
0