ҶТ барои донишҷӯёни афғонистонӣ 250 бурсия ҷудо мекунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Ашраф Гани Ахмадзаем в Уфе 9 июля 2015 года
Встреча Эмомали Рахмона с Ашраф Гани Ахмадзаем в Уфе 9 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон дар масоили муштараки ду кишвар баҳс кардаанд.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Уфа қарор дорад, бо ҳамтои афғонаш — Ашраф Ғанӣ Аҳмад мулоқот кардааст, менависад сомонаи президент.

Э.Раҳмон ба муҳоҷирон: ман доим дар фикри шумо ҳастам

Ин вохурӣ зуҳри 9 июл дар Уфа баргузор шудааст. Раҳбарони ду кишвари ҳамсоя дар нахустин дидори худ баъд аз ба курсии раёсатҷумҳури Афғонистон нишастани Ашраф Ғанӣ Аҳмад маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахшро баррасӣ кардаанд.

Дар ин вохурӣ таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардиа, аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, ки иборат аз 80 санади дуҷониба мебошад, изҳори қаноат шудааст.

Инчунин таъкид гардидааст, ки барои татбиқи санадҳои имзошуда, мақомоти дахлдори ду кишвар бештар фаъол бошанд.

"Атрофи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ доир ба сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт", — омадааст дар сомона.

Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон низ таваҷҷуҳи зиёд ба қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон ҳам зоҳир карда, ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Афғонистон бо шароити имтиёзӣ таъйид кард.

"Тавре зикр гардид, танҳо дар соли равон барои донишҷӯёни афғон 250 бурсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва солҳои оянда ин шумора боз ҳам афзун мегардад", — менависад сомона.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки дар вохуррии Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаноби Аҳмад масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои дифоию амниятӣ ва дигар мақомоти дахлдори ду кишвар барои ҳифзи субот дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0