ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳукумати Швейтсария ва Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд (БАБР) барои иҷрои тарҳи "Обтаъминкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи — 2" $18,097 миллион ихтисос медиҳанд, омадааст дар хабари сомонаи вазорати молияи Тоҷикистон.
Маросими имзои созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Швейтсария 12 март дар Душанбе баргузор шуд. Ин санадро вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбонов ва раҳбари дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон Питер Микула имзо карданд.
Ҳазинаи умумии ин тарҳ $18,097 миллион аст, ки аз ин маблағ $9 миллионаш кӯмаки билоъивази ҳукумати Швейтсария ва $9,097 миллион саҳми БАБР мебошад.
"Ҳадафи тарҳи "Обтаъминкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи — 2" беҳбуди вазъи обрасонӣ ба аҳолии ҷамъаш 140 ҳазор нафар дар шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон ва шаҳри Хоруғ аст", — омадааст дар хабари вазорати молия.
Ин тарҳ насби пайвастҳои изофӣ, мушорикат ба ширкатҳое, ки шаҳрҳоро бо об таъмин мекунанд, дар иҷрои беҳбудиҳои зарурӣ, насби ҳисобкунакҳои масрафи обро дар назар дорад.
Ҳамчунин тавассути ин тарҳ таҷҳизоти бозсозӣ ва идоракунӣ харидорӣ шуда, обанборҳои ҷадид бунёд мешаванд, бозсозӣ ва сохтмони садди обанборҳо дар назар аст, таҷҳизоти бозсозӣ ва идоракунӣ, пажӯҳиши гидроологӣ, беҳбуди тоза кардани об ва ҷамъоварии маблағи истифода аз об харидорӣ мешаванд.
Ин тарҳ бояд то соли 2018 иҷро шавад.