Дар Уфаи Русия ба Эмомалӣ Раҳмон унвони профессори фахрӣ доданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаҳмон унвони профессори фахрии Донишгоҳи нафту кимиёи Уфаро соҳиб шуд
Раҳмон унвони профессори фахрии Донишгоҳи нафту кимиёи Уфаро соҳиб шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи як моҳи ахир бори дуввум аст, ки ба президенти Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои илмӣ унвони профессори фахрӣ дода мешавад, чанде қабл Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS)-и Брюссел ва ҳоло Донишгоҳи нафтию техникии Уфа аз номбурджа қадрдонӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон профессори фахрии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии райисҷумҳур.

Манбаъ менависад, сарвари давлати Тоҷикистон аснои сафар ба Бошқирдистон нахуст аз Донишгоҳи нафтию техникии Уфа дидан карда, бо устодону донишҷёни ин муассисаи таҳсилоти олии Русия мулоқот кардааст.

Президенти ҶТ барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Уфаи ФР парвоз кард

Зимнан, ректори донишгоҳ Рамил Бахтизин эълон кард, ки бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрӣ сарфароз шуд.

"Оқои Раҳмон барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ ба чунин қадрдонии олӣ ноил гардид",-афзудааст Бахтизин.

Дар моҳи июл бори дуюм аст, ки ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби муассисаҳои илмӣ унвони профессори фахрӣ дода мешавад. Оғози моҳи равон президенти Тоҷикистон профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS)-и Брюссел шуда буд.

Гуфтанист, райисҷумҳури Тоҷикистон то ҳоло унвони профессори фахрии якчанд донишгоҳҳои хориҷиро соҳиб шудааст. Аз ҷумла профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносов, Донишгоҳи Синсзяни Чин, Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина, Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон ва ғайра мебошад.

Лентаи хабарҳо
0