СҲШ аз тавсеъаи ин созмон хабар дод

© Пресс-служба Президента РФ / Гузариш ба медиабонкСӯҳбати раиси ҷумҳури Русия В.Путин бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ
Сӯҳбати раиси ҷумҳури Русия В.Путин бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳинд, ки дар чанд соли ахир ба Осиёи Марказӣ ва СҲШ таваҷҷӯҳи калон зоҳир мекунад, дар моҳи сентябри соли 2014 расман дархости узвият дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро кард. Аз замони таъсис ин созмон ҳеҷ кишвари дигареро ба суфуфи худ напазируфта буд.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай раванди ба узвияти комил пазируфтани Ҳиндро оғоз мекунад, изҳор дошт раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин 8 июл дар дидор бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ дар ҷараёни ҳамоишҳои оғозшудаи СҲШ ва БРИКС дар Уфа, хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳури Русия.

Дар ҷараёни дидори Путин бо нахуствазири Ҳинд масоили пешрафти минбаъдаи ҳамкориҳои шарикии Русия ва Ҳинд ва ҳамчунин тақвияти бахши фанновариҳои олӣ ва навовариҳои технологӣ дар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни ду кишвар матраҳ шуданд.

Ҳинд ба гунаи Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Покистон аз мақоми нозири СҲШ бархурдор аст. Дар таърихи худ СҲШ ба суфуфи ин созмон ҳеҷ кишвари дигареро напазируфтааст.

Дабири кулли СҲШ: заминаи ҳуқуқӣ барои тавсеъаи созмон омода аст

Дар солҳои ахир Ҳинд ба Осиёи Марказӣ ва СҲШ таваҷҷӯҳи бузург нишон медиҳад. Дар моҳи сентябри соли 2014 ин кишвар барои узвият дар ин созмон дархости расмӣ карда буд. Якҷо бо Ҳинд Покистон низ дархости узвият карда буд. Эрон низ тақозои узвияти комил дар ин созмонро дорад.

Ба навиштаи сомонаи раҳбарияти Русия дар СҲШ фаъол кардани ҳамгироӣ бо кишварҳои нозир, аз ҷумла дар умури мусоъидат ба Афғонистон ва ҷалби он ба фаъолияти ин созмон, тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони муколамаи СҲШ ва фароҳам кардани шароити тавсеъаи ин СҲШ аз аҳдофи умдаи ин созмон мебошанд.

Русия қасд дорад дар замони раҳбарияташ дар созмон мақоми ин созмонро ба унвони чаҳорчӯбаи судманди муколама ва ҳамкорӣ дар умури амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ, тундгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир боло бубарад.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай созмони байналмиллалии доимист, ки дар бораи таъсисаш 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин эълом шуда буд. Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СҲШ мебошанд.

Феълан панҷ кишвар — Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Муғулистон ва Покистон аз мақоми нозимр дар СҲШ бархурдоранду Белорус, Туркия ва Шри-Ланка шарикони муколамаи ин созмон мебошанд.

Масоҳати умумии кишварҳои узви СҲШ ҳудуди 30 миллиону 189 ҳазор километри мураббаъ аст, яъне 3/5 масоҳати Авруосиё ва аҳолиаш — 1,5 миллиард нафар мебошад, ки ¼ аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0