Дабири кулли СҲШ: заминаи ҳуқуқӣ барои тавсеъаи созмон омода аст

© Фотохост ШОС / Гузариш ба медиабонкДмитрий Мезентсев. Акс аз бойгонӣ
Дмитрий Мезентсев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳамкориҳои Шанхай феҳрасти аъзои худро аллакай дар моҳи июли соли ҷорӣ метавонад афзоиш бидиҳад ва заминаи ҳуқуқӣ барои ин амр омода мебошад, изҳор дошт дабири кулли СҲШ.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) раванди таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеъаи созмонро анҷом додааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев.

"Дар ҳамоиши ахири ин созмон дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, раҳбарони шаш кишвари узви созмон асноди таърихиеро имзо карданд, ки умури таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеъаи СҲШ анҷом медиҳад", — изҳор дошт дабири кулл.

Дмитрий Мезентсев зикр кард, ки аъзои феълии СҲШ аз тавсеъаи созмон истиқбол мекунанд. Вай таъкид кард, ки чунин тасмимот дар ҳамоиши феълии ин созмон, ки дар дар шаҳри Уфа 8-10 июли соли 2015 баргузор мешавад, тасвиб хоҳанд шуд.

Мулоқоти кории роҳбарони олимартабаи СҲШ, ИДМ, СПАД ва созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Покистон: мо тасмим дорем ба СҲШ бипайвандем

"Ба ин тартиб, ҳеҷ монеъаи ҳуқуқӣ барои тавсеъаи созмон дигар намондааст", — зикр кард Мезентсев.

Ба гуфтаи вай, ҳамакнун "баррасӣ ва муҳокимаи дақиқ"-и дархостҳои қаблӣ барои узвияти комилҳуқуқ дар созмон ва ҳамчунин ироъаи ҳаққи нозир ва шарики муъошират сурат мегиранд.

"Мо ҳама аз тавсеъаи ҳайати созмон истиқбол мекунем, то ки ин амр ба боло рафтани эътибор ва таъсири СҲШ дар минтақа барои ҳалли масоили ҷаҳонӣ мусоъидат кунад", — таъкид кард Мезентсев.

Ҳамзамон вай машварат дод, ки бояд таҳаммул кард ва натоиҷи тасмимоти ҳамоиши навбатии СҲШ интизор шуд.

Феълан Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон узви СҲШ мебошанд. Ҳинд, Покистон, Эрон, Муғулистон ва Афғонистон аз ҳаққи нозирӣ дар ин созмон бархурдоранд.

Лентаи хабарҳо
0