ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдулазиз Усмонов, маъруф бо номи "Ҳоҷӣ Самандар" ва зердасташ Саидмурод Мадалиевро барои қатли бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо ба ҳабси абад маҳкум кард, менависад хабаргузории "Озодагон".
Тибқи қарори додгоҳ зердасти дигари "Ҳоҷӣ Самандар"- Ҷамшед Раҷабов ба муҳлати 25 сол равонаи зиндон гардидааст.
Моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як гузориши видеоӣ аз боздошти "Ҳоҷӣ Самандар" ва ду зердасташ иттилоъ дода гуфт, онҳо дар куштори бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо муттаҳам мешаванд.
Он замон ин ниҳод иттилоъ дода буд, ки ташкилкунандаи ин ҷиноят "Ҳоҷӣ Самандар" — як сокини ноҳияи Ҳисор аст. Худи ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфт, Каримовҳо аз ӯ қарздор будаанд. Ба гуфтаи ӯ Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо нархи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд.
Ҳоҷӣ Самандар, гуфта буд баъде, ки бародарон аз баргардонидани маблағ сарпечӣ мекунанд, амр ба қатли онҳо менамояд.
Ба иттилои мақомоти амниятӣ, Ҳоҷӣ Самандар барои куштори Каримовҳо ду сокини дигари Ҳисорро ҷалб намудааст, ки қаблан низ ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд. Онҳо Каримовҳоро ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда, парондаанд.
Аз ин пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардиданд. Кушташудагон низ зодаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Хонақоҳи куҳӣ буда, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми Душанбе иқомат доштаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, бародарон Фарҳоди 34-сола ва Раҷабалии 46-сола санаи 6 ноябри соли 2014 аз хона баромада, бедарак шудаанд. Ба иттилои ВКД, ҷасади онҳо субҳи 18-уми ноябри ҳамон сол дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.