Додгоҳи олӣ муҳокимаи қотилони бародарон Каримовҳоро оғоз кард

© Sputnik / Амир ИсаевДодгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвандаи қатли ду бародар, зодагони шаҳри Душанбе, ки ба қочоқи маводди мухаддир даст доштанд Додгоҳи олӣ ба баррасӣ гирифт. Се нафар муҷримон муҳокима мешаванд – фармоишгар ва ду нафар қотилон.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Муҳокимаи парвандаи бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи сешанбе оғоз шуд, менависад хабаргузории "Авеста".

Аҷсоди бародарон дар моҳи ноябри соли гузашта дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуда буданд.

Ба иттиҳоми ин қатл сокинони Ҳисор Абдулазиз Усмонов, Саидмурод Мадалиев ва Ҷамшед Раҷабов боздошт шуда буданд.

Вазъ дар шаҳри Ӯш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти гумонбарон дар қатли бародарон Каримовҳо

Усмонов дар як барномаи телевизонӣ мушорикаташ дар ин қатлро таъйид кард ва гуфт, ки далели ин амр напардохти арзиши 100 килограмм ҳероин мебошад.

"Ман бояд онҳоро ба қатл мерасонидам, вагарна маро мекуштанд", — гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, иҷрои қатлро вай ба ду нафар — Мадалиев ва Раҷабов фармудааст, ки яке аз онҳо қаблан барои қатл 15 сол зиндонӣ шуда буд ва дуввумӣ барои иртикоби чанд ҷароим дар қаламрави Русия мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0