ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бонкҳои марказии кишварҳои БРИКС ҳазинаи 100 миллиард долларӣ таъсис доданд, ки дар оянда дар сурати мувоҷеҳ шудани ба мушкили молӣ аз он тавонанд истифода кунанд, хабар медиҳад сомонаи Бонки марказии Русия.
Қарордоди амалӣ, ки дар он шароити пуштибонии мутақобилаи кишварҳои шомили ин ҳазинаи арзҳои шартии кишварҳои БРИКС 7 июл дар Москав аз сӯйи Бонки марказии Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ имзо шуд.
"Ҳадафи таъсиси ин ҳазина дар ироъаи маболиғ бо доллари ИМА мутақобилаи бонкҳои марказии кишварҳои узви БРИКС дар сурати пеш омадани мушкилоти пардохтҳои долларӣ аст", — омадааст дар хабар.
Ба ин тартиб таъсиси ин навҳаи суғуртавӣ пуштибонии танзими молии кишварҳои узви ин ниҳодро ҳадаф дорад.
Гуфта мешавад, ки маблағи ин ҳазина, ки қарори таъсисаш соли гузашта имзо шуда буд, $100 миллиард муқаррар шуда Чин $41 миллиард, Бразилия, Ҳинд ва Русия $100 миллиардӣ ва Африқои Ҷанубӣ $5 миллиарди онро пардохт кардаанд.