Ҳафт соли ахир моҳи Рамазон ба фасли тобистон рост меояд (аз руйи тақвими исломӣ ҳамасола Рамазон тахминан 11 рӯз ҷилавтар фаро мерасад). Ин гармо озмоиши сахте барои рӯзадорон хоҳад буд. Дар рӯза мусулмонон 29-30 рӯз аз хӯрдану ошомидан ва робитаи ҷинсӣ дар давоми рӯз худдорӣ мекунанд. Давомнокии рӯза имсол тахминан 17 соатро ташкил медиҳад.
Вале мутобиқи ислом ва ҳамонгуна, ки дар мусоҳибааш бо Sputnik мутахассиси аршади Шӯрои уламои Тоҷикистон ва устоди Донишгоҳи исломии ҶТ Ҷамолуддин Хомӯшӣ изҳор дошт, Худованд бандагонашро бештар аз тоқату тавонашон мукаллаф намекунад.
"Дар ин иртибот гурӯҳи муайяни мардум аз доштани рӯза мувофиқи фармудаҳои дини Ислом озоданд ва дар иваз бояд фидя пардохт кунанд, яъне ҳар рӯз дар давоми моҳ ба ягон мӯҳтоҷ маротибае хӯрок бидиҳанд ва ё 300 сомонӣ хайр кунанд ",- мегӯяд Хомушӣ.
Дар ҳамин ҳол, табиби оилавии дармонгоҳи №1-и пойтахт Моҳира Зарипова тавсия медиҳад, ки рӯзагирон аз хӯрдани ғизои сахт ва сайру гашт зери нури офтоб парҳез кунанд, то ҷисми онҳо дучори таниш ба сабаби камбуди об дар ҷисм ва гармии сахти ҳаво нашавад.
Моҳи рамазони муборак бо иди Фитр хатм мешавад, ки имсол дар рӯзи ҷумъаи 17-уми июл мувофиқ уфтодааст. Мутобиқи таълимоти ислом рӯза на танҳо худдорӣ аз хӯру нуш, балки парҳез аз рафтору кирдори бад низ ҳаст. Инчунин, рӯза моҳи хайру саховат ва додани закоти фитр ба нодорону фақирон аст. Закоти молро ҳамасола Шӯрои уламои ҶТ таъйин мекунад, ки имсол ба 305 сомонӣ барои онҳое, ки на камтар аз 12,2 ҳазор пули зиёдатӣ доранд, баробар аст(ба ҳисоби $1850).