ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар бораи зарурати умури иктишофии нафту газ дар Тоҷикистонро имрӯз дар нишасти матбуотӣ раҳбари Сарраёсати геологияи Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода ҳарф зад, менависад хабаргузории "Авеста".
Мушкилоти умури иктишофӣ дар маҳаллоти душворгузари кӯҳистонӣ ба кундии фаъолият мунҷар мешавад, ки ниёзҳои ҳукумати Тоҷикистонро бароварда намесозад.
"Умури иктишофӣ аз сӯйи ширкати канадаии "Тетис петролеум" дар ҷануби кишвар тӯли 10 соли ахир идома доранд. Дар ин муддат чанд даъфа иҷрокунандаи аслӣ, ки умури иктишофиро анҷом медиҳад, иваз шуд, аммо захойири чашмраси нафту газ пайдо карда нашуд", — изҳор дошт ба хабарнигорон Ҷумъазода.
Мушкил дар он аст, ки захойири нафту газ дар Тоҷикистон дар умқи зиёд воқеъ ҳастанд ва ба иддаъои худи ширкатҳо барои ошкор ва истихроҷи минбаъдаи ин захойир миллиардҳо доллар зарур аст.
Феълан ширкати "Тетис петролеум" нафту газро дар ҷануби кишвар якҷо бо пешоҳанги ҷаҳонии ҷустуҷӯйи нафту газ — Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) ва ширкати фаронсавии Total анҷом медиҳад.
Саргеологи тоҷик ҳадс мезанад, ки "Тетис" бо мушкили сармоягузории ин тарҳ мувоҷеҳ шуда ва ба ин далел ин ду ширкати саршиноси ҷаҳониро ба шарикӣ гирифтааст. Онҳо муҷаввиз барои анҷоми умури иктишофӣ дар 28 манотиқ дар ҷануби кишварро (майдони Бохтар) пайдо кардаанд.
"Ҳамакнун, барои мо душвор аст бигӯем, ки дар ин минтақа мо ҳеч дастоварде пайдо ҳоҳем кард ё хайр", —мутаъассиф аст вай.
Ба иттилоъи муқаддамотии ин ширкат, дар манотиқи эҳтимолӣ, ки бо исми муштараки "Бохтар" дар ҷануби кишвар муттамарказ шудаанд, захойири ҳудуди 3,22 триллион метри кубии газ ва 8,5 миллиард бушка (баррел) нафт вуҷуд доранд.
Ба ҷуз аз "Тетис петролеум", CNPC ва Total дар Тоҷикистон ба иктишофи захойири нафту газ ширкати русии "Газпром" тавассути ширкати вобастаи худ Gazprom international машғул аст, ки чоҳи чуқуртарин дар Осиёи Марказӣ "Шаҳринав-1п" бо умқи 6450 метр дар минтақаи Сариқамиш парма кардааст. Пармаи чоҳ соли 2013 анҷом ёфта буд, вале то ҳол ширкат дар бораи пайдо кардани захойири чашмраси газ иттилоъ надодааст. Дар соли ҷорӣ ширкат қасд дорад умури иктишофӣ дар майдони "Шоҳамбарии Ғарбӣ"-ро оғоз кунад.