Усмонзода: “Газпром” дар Тоҷикистон захоири чашмраси газ пайдо накард

© Sputnik / Амир ИсаевУсмоналӣ Усмонзода. Акс аз бойгонӣ
Усмоналӣ Усмонзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармоягузории ширкати “Газпром” барои умури иктишофӣ дар Тоҷикистон аз оғози кор дар маҷмӯъ 5,5 миллиард рубли русиро ташкил додааст.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ширкати Gazprom International дар кони Сариқамиш дар Тоҷикистон, ки дар он ҷо аз соли 2010 умури иктишофӣ анҷом медод, захоири қобили таваҷҷӯҳи газу нафт пайдо накардааст, гуфт дар нишасти матбӯъотӣ вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода.

Мутахассисони ширкати Gazprom International натоиҷи умури иктишофии кони "Шаҳринав-1п" дар минтақаи Сариқамиш омӯхта захоири бузурги нафту газро ошкор накарданд, вале ин натоиҷ нишон медиҳад, ки дар ин минтақа маъодини нафту газ вуҷуд доштанаш имконпазир аст.

"Ширкат фаъъолияти худ дар Тоҷикистонро идома медиҳад. Баъди чанд муддат вай нуқтаи пармаи як чоҳи дигарро мушшахас мекунад. Гузашта аз ин, дар моҳи декабри соли 2014 мизони сармоягузории умури иктишофӣ дар минтақаи Шоҳамбарии Ғарбӣ дар ҷанубу ғарбӣ кишвар мушшахас шуд ва корҳо дар нимаи соли 2015 оғоз мешаванд", — зикр кард вазир.

Сармоягузории умумии "Газпром" барои анҷоми умури иктишофӣ дар конҳои иҷозашуда дар Тоҷикистон 5,5 миллиарди рубли русиро ташкил додааст, хабар медиҳад сойти Gazprom International.

Усмонзода изҳори умедворӣ кард, ки умури иктишофӣ барои пайдо кардани захоири нафту газ дар Тоҷикистон, ки аз сӯйи чанд ширкатӣ байналмиллалӣ анҷом мешавад, натоиҷи хуб медиҳанд.

Ба ғайр аз Gazprom International умури иктишофӣ барои пайдо кардани захоири нафту газ дар Тоҷикистонро ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC анҷом медиҳанд, ки муштаракан бо як муҷҷавиз фаъъолият доранд.

"Ин ширкатҳо умури иктишофиро дар ҷануби Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Эҳтимол дорад дар соли 2015 онҳо нуқтаи пармаи чоҳи нахустини захоири нафту газро мушшахас кунанд", — хабар дод Усмонзода.

Феълан Тоҷикистон ба воридоти маводди нафтӣ комилан бастагӣ дорад, воридоти гази табиъйӣ дар ду соли ахир аслан вуҷуд надорад. Кишвар ҳамасола ба 1,8 миллион тонн маводди сӯхтӣ ниёз дорад. Дар соли 2014 дар дохили кишвар танҳо 24,5 ҳазор тонн маводди сӯхтӣ тавлид шудааст. Тоҷикистон ҳамчунин ҳамасола ба 1 миллиард кубометр газ ниёз дорад, вале дар соли 2014 ҳамагӣ 3,2 миллион кубометр гази табиъйӣ истихроҷ шудааст.

Воридоти гази табиъйӣ аз Ӯзбекистон дар поёни соли 2012 қатъ шуда буд, ки фаъъолияти ширкатҳои санъатии Тоҷикистонро, ки аз ин маводди сӯхтӣ истифода мекарданд, душвор сохт. Сокинони кишвар аз соли 2009, замоне, ки қиммати он бамаротиб боло рафт, аз истифодаи газ маҳруманд.

Лентаи хабарҳо
0