ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар шимоли Афғонистон яке аз фармондеҳони созмони террористии "Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон" (ҶИӮ) Қорӣ Ҳиматуллоҳ кушта шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба як манбаъи худ дар ниҳодҳои низомии Ӯзбакистон.
Зикр шудааст, ки Қорӣ Ҳикматуллоҳ дар як даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ кушта шудааст.
"Мо иттилоъи фавриро баррасӣ карда далоилеро ба даст овардем, ки Қорӣ Ҳикматуллоҳ дар ҳафтаи гузашта дар пайи даргирӣ бо нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Бағлон кушта шудааст", — зикр кард мусоҳиби хабаргузорӣ.
Террористи кушташуда ба гуфтаи манбаъи хабаргузорӣ барои анҷоми амалиёти низомии ҶИӮ дар шимоли Афғонистон муваззаф буд.
ҶИӮ, ки дафтари марказиаш дар Афғонистон воқеъ аст, соли 1996 аз сӯйи фаъолони аҳзоби сиёсии мамнӯъ дар Ӯзбакистон, ки ба қаламрави Ӯзбекистон панаҳ бурдаанд, таъсис шудааст. Ин созмон бо ҷунбиши Толибон ва Ал-Қоида иртибот дорад. Ин созмон дар Ӯзбакистон, Тоҷикистон, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Русия ва ҳамчунин дар ИМА созмони террористӣ эълом шудааст. Дар моҳи октябри соли 2014 раҳбари ҶИӮ Усмон Ғозӣ дар бораи пайвастани ин созмон ба ДИ хабар дод.