Озодӣ: раҳбари тоҷики “Толибон” дар Афғонистон захмӣ ё кушта шудааст

© wikimedia.orgПулиси афғон. Акс аз бойгонӣ
Пулиси афғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамла ба посгоҳи нерӯҳои давлатӣ, зикр мекунад Озодӣ, дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон дар шимоли Афғонистон рух додааст.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Раҳбари "Толибон"-и Тоҷикистон зимни ҳамлаи тундгароён ба посгоҳи артиши Афғонистон дар дараи Хостак эҳтимолан кушта шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъи исмаш эъломнашуда.

Ҳамла ба посгоҳи нерӯҳои давлатӣ, менависад Озодӣ, 10 апрел дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон дар шимоли Афғонистон рух додааст. Дар пайи ҳамлаи тундгароён 18 сарбози нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд.

Дар суфуфи толибон зимни ҳамла ба нерӯҳои давлатӣ атбоъи хориҷӣ низ буданд, гуфт дар сӯҳбат бо Озодӣ раҳбари вилояти Бадахшон Шоҳ Валиулло Адиб. Ба гуфтаи вай миёни атбоъи хориҷии "толибон" зодагони Осиёи Миёна ва Чеченистон буданд.

Раҳбари вилоят ҳамчунин хабар дод, ки зимни ҳамла ба посгоҳи нерӯҳои давлатӣ ду табаъайи хориҷии толибон захмӣ шуданд. Ба гуфтаи вай, яке аз ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон Умар Ислом ва дуввумӣ шаҳрванди Ӯзбекистон бо номи Сӯҳроб будааст.

Ин дар ҳолест, ки менависад Озодӣ, бархе аз расонаҳо, ки номи онҳо зикр намешавад, хабар дода буданд, ки зимни ҳамла ба посгоҳ Умар Ислом, ки ӯро ин расонаҳо раҳбари тундгароёни тоҷик унвон карда буданд, кушта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0