ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Танҳо бо зарбаҳои ҳавоӣ алайҳи "Давлати исломӣ", ки он ҳам бидуни ризоияти Шӯрои амнияти СММ ғайриқонунӣ мебошад, ба ин мушкил расидагӣ намешавад, изҳор дошт раиси ҷумҳури Русия дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Ал-Аҳрам", хабар медиҳад РИА Новости.
Владимир Путин зикр кард, ки аъмоли ДИ, ки алайҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст, бесобиқа буда, амалиёти эътилофи зиддитеррористӣ бозгӯи хатароти воқеъии ин созмон нест.
"Танҳо бо зарбаҳои ҳавоӣ ин мушкил ҳалл намешавад. Гузашта аз ин, ин аъмол ғайриқонунӣ ҳастанд, зеро бидуни ризоияти Шӯрои амнияти СММ ва дар бархе маворид бидуни ризоияти кишварҳое, ки қаламрави онҳо гулӯлаборон мешаванд, сурат мегиранд. Агар дар Ироқ мубориза бо терроризм бо ҳамкории давлати расмии ин кишвар сурат мегирифта бошад, дар Сурия эътилоф аз ҳамкорӣ бо давлати қонунӣ сарфи назар мекунад", — гуфт Путин.
Раиси ҷумҳур таъкид кард, ки Русия ба ҳамгироии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм бар пояи ҳуқуқи байналмиллалӣ, эҳтироми истиқлолият ва радднопазириии қаламрави ҳамаи кишварҳост.
Ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" барои анҷоми чанд амали террористӣ, ки рӯзи шанбе дар пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод рух доданд, иқрор шудаанд.
Тибқи иттилоъи ахир, дар пайи ин аъмол террористӣ 40 нафар кушта шуданд.
ДИ дар замони амалиёт дар Сурия, ки алайҳи нерӯҳои давлатӣ меҷангид, тақвият ёфта шӯҳрати яке аз созмонҳои ваҳшатноктаринро соҳиб шуд.
Дар пайи аъмоли ҷангиёни ин гурӯҳ чанд ҳазор тан сокинони осоишта куша ва садҳо ҳазор тани дигар гуреза ва боз чанд ҳазори дигар гаравгон шудаанд.
ИМА бо кӯмаки бархе аз кишварҳои ҳамшарик аз 23 сентябр зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеъоти ДИ дар Сурия анҷом медиҳанд.
Аз моҳи август амалиёти мушобеҳ дар Ироқ низ анҷом мешаванд.