ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Тоҷикистон барои гирифтани қарз аз Сандуқи авруосиёгии танзиму рушд (САТР) (қаблан Сандуқи зиддибӯҳронии ИАҲИ) дархост карда ва ин дархост пазируфта шудааст, хабар медиҳад сомонаи вазорати молияи Русия.
Баррасии дархостҳо барои қарзҳои сармоягузорӣ аз Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҷаласаи дувоздаҳуми шӯрои САТР дар Маскав баргузор шуд.
Дар бораи ин ки Тоҷикистон чӣ тарҳҳоеро барои сармоягузорӣ пешниҳод кардаву чӣ миқдор маблағро дархост кардааст, хабар дода нашудааст.
Аммо дар сомонаи САТР омадааст, ки ҳанӯз дар солҳои бӯҳрони қаблӣ, дар моҳи августи соли 2010 ба Тоҷикистон аз ҳисоби сандуқ ба маблағи 20 сол $70 миллион ихтисос дода шуд. Суди солонааш муъодили 1% ва мӯҳлати ботахфифаш 5 сол буда дар моҳи августи соли ҷорӣ анҷом меёбад.
Он замон Тоҷикистон барои пуштибонии сармоягузории будҷаии бахши иҷтимоиёт, барои ҳифзи дастрасии аҳолӣ, бавижа ақшори камбизоат ба хадамоти маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарз гирифта буд.
Шарти ягона барои кишварҳои дарёфткунандаи сармоягузорӣ, аз он ҷумла барои Тоҷикистон, таҷдиди иқдомоти иқтисодӣ ва бозбинии ислоҳоти сохторӣ дар кишвар аст.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсискунандаи ин сандуқ мебошад. Ҳаҷми пардохти таъсиси Тоҷикистон муъодили $1 миллион аст. Дастрасии Тоҷикистон ба дороиҳои ин сандуқ муъодили 170,26 миллион доллари ИМА (2% маблағи умумӣ) мебошад.
Дар ҷаласаи навбатии шӯро САТР тарҳҳои "Бозсозии низомҳои обёриҳо ва тавсеъаи имконоти сохторӣ" дар Арманистон ва "Бозсозии нерӯгоҳи Токтогул. Марҳилаи 2" дар Қирғизистон таъйид шуда, вале ҳазинаи онҳо эълом нашудаанд.
Сандуқи авруосиёгии танзиму рушд (САТР) (қаблан Сандуқи зиддибӯҳронии ИАҲИ) — ниҳоди минтақавии молиест, ки соли 2009 аз сӯйи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис шудааст. Сандуқ ба манзури рафъи пайёмадҳои ногувори бӯҳрони иқтисодӣ, таъмини субботи дарозмуддат ва мусоъидаӣ ба ҳамгиройии иқтисодии кишварҳои ширкаткунанда таъсис шудааст.