Оҷонсии омор: шумораи мардҳо аз занон бештар шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевДар яке аз боғҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Дар яке аз боғҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисоби ахир дар соли гузашта занони тоҷик бештар писар ба дунё оварда, шумораи мардони тоҷикро ба 4 миллиону 224 ҳазор расондаанд.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Занҳои тоҷик дар соли гузашта бештар писар таваллуд карда, сафи мардонро дар кишвар ба 4 миллиону 224 ҳазор нафар расондаанд, бо такя ба Оҷонсии омори Тоҷикистон менависад "Радиои Озодӣ".

Шумораи кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Абдувалӣ Қулов, сардори Раёсати омори демографии Оҷонсии омори Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфтааст, ин иттилоъ ҳангоми ҷамъбасти шумораи аҳолӣ то 1 январи соли 2015 берун омадааст. Ба қавли Қулов, дар соли гузашта занҳои тоҷик дар баробари ҳар 100 духтар 112 писар ба дунё овардаанд, ки дар қиёс ба солҳои гузашта аз 10 то 15 дарсад бештар будааст.

"Таваллуди духтарону писарон аз соли 2000-ум тақрибан баробар буд ва гоҳе духтарон бештар буданд, аммо аз соли 2010 оҳиста-оҳиста таваллуди писарон афзоиш ёфт", — афзудааст сардори Раёсати омори демографӣ.

Афзоиши таваллуди писарон шумораи мардҳо нисбат ба занҳоро низ дар кишвар бештар кардааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 4 миллиону 224 ҳазор мард будаанд, ки сафашон 0,6 дарсад нисбат ба занҳо бештар аст. Дар Тоҷикистон 4 миллиону 127 ҳазор ҷинси зан сабт шудааст, менависад "Озодӣ".

Дар Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 200 ҳазор тифл таваллуд мешавад. То чанд соли пеш шумораи навзодони духтар аз навзодони писар бештар буд ва ҳатто ин мавзӯъ, ки занони тоҷик аз мардҳо бештаранд, борҳо дар матбуот матраҳ шудааст. Вале ҳоло ин омор тағийр ёфта, мардонро бештар аз занон мегӯяд.

Лентаи хабарҳо
0